Афсонаҳои аввалини ман
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Китоби афсонаҳои кӯтоҳ ва расмҳои калон дошта.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар давоми ҳафта Шумо ба кӯдакатон дар як рӯз ду афсона нақл мекунед ё мехонед. Дар давоми ҳафта саҳарӣ ва бегоҳӣ пеш аз хоб ба ӯ ҳамон як афсонаро нақл кунед. Кӯдак бошад ба расмҳои китоб нигоҳ мекунад ва ҳангоми нақл кардан тағйиротро дар киёфаи чеҳраатон мушохида мекунад.
Дар синни 4-6 моҳагӣ ин машғулият кӯдакро водор мекунад, ки ҳиҷоҳои марбут ба афсонаро талаффуз кунад.
Агар кӯдак бо ангунг, садо ё калимаҳо ҷавоб диҳад, ба ӯ ҷавоб диҳед, фаҳмонед, ки Шумо ҳоло ба ӯ чӣ нақл мекунед. Кӯшиш кунед, ки бо кӯдак гуфтугӯ кунед, «ҷавоби” ӯро интизор шавед, ба ӯ расмҳои китобро нишон диҳед ва дар бораи ин афсона ё чизе, ки дар расм ҳаст, нақл кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Нутқи лафзӣ, ки кӯдакон мешунаванд, барои рушди нутқи онҳо аҳамияти бузург дорад, ки ҷузъи муҳими инкишофи иҷтимоии онҳо мебошад.