Дар бораи мо

Дар бораи мо

Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бузургтарин созмони ҷаҳон дар назди СММ мебошад, ки 75 сол боз дар беш аз 190 кишвар ва қаламрав ҳуқуқи кӯдаконро ҳимоят мекунад. Таваҷҷӯҳи мо ба зинда мондан, рушд ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак нигаронида шудааст

ЮНИСЕФ дар кори худ барои амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакон ба инкишофи бармаҳал принсипҳои инкишофи маҷмуавиро фароҳам меорад - муҳитеро, ки парасторон фароҳам меоранд, яъне. падару модар. Барои он ки ҳар як кӯдак бо иқтидори пурраи худ инкишоф ёбад, нисбат ба саломатии ӯ назорат кард, ғизои дуруст, бехатарӣ, муҳофизат, нигоҳубини бодиққат ва дастгирии волидон ва оилаҳои онҳоро таъмин намуд. Аз ин рӯ, ЮНИСЕФ дар кори худ ба барномаву лоиҳаҳо оид ба рушди дониш ва малакаҳои волидайн, инчунин дастгирии некӯаҳволии оила таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Bebbo

Дар бораи барнома

Барномаи Bebbo аз ҷониби дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  таҳия шудааст. Тимсоли ӯ замима барои волидон HaloBeba , ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Сербия дар  ҳамкории зич бо Донишкадаи тандурустии ҷамъиятии шаҳри Белгради таҳия шудааст.

Bebbo барномаи мобилие мебошад, ки ба волидони кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ дар омӯхтани донишу малакаҳои нав ва истифодаи ҳамарузаи тарбияи мусбӣ ва волидони бомасъул мусоидат мекунад.  Ҳадафи Bebbo Bebbo  – пешниҳоди маълумоти пурра оид ба инкишофи кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ дар шакли қуллайи замимаи муосири мобилӣ мебошад. Инчунин, Bebbo паҳн намудани паёмҳо ва иттилооти марбут ба пешгирӣ ва ҳимояи кӯдакон аз COVID-19-ро дастгирӣ менамояд.

Беббо як манбаи беҳтарини ҳамаҷониба барои мутахассисоне мебошад, ки бо кӯдакони синни барвақтӣ ва синни томактабӣ кор мекунанд (табибони оилавӣ / ҳамшираҳои шафқат, татиби атфол, омӯзгорон, равоншиносони кӯдакона ва ғайра), инчунин ба сифати асбоби барпо кардани муносибатҳои шарикона бо волидон мебошад.

Ин барнома дорои захираҳои матнӣ ва видеоӣ мебошад, ки ба волидон дар амалияи нигоҳубини рушд ва тарбияи фарзанд тавассути роҳнамоии ҳамарӯза, бозиҳо ва машқҳо бо фарзандони худ кумак мекунанд ва тарзи қулайи назорати инкишофи  ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва саломатии онҳо мебошад. Ҳама манбаъҳои дархост аз рӯи категорияи мавзӯъҳо гурӯҳбандӣ шудаанд:

  • Бозӣ ва таълим
  • Ғизо ва синамаконӣ
  • Тарбияи масъулиятнок
  • Бехатарӣ ва муҳофизат
  • Саломатӣ ва беҳбудӣ
  • Беҳбудии волидон

Барнома дар фаъолияти худ тавасути интихоби бозиҳо ва тавсияҳо мутобиқ ба синну сол ва ҷинси кӯдак дар асоси маълумотҳои воридкардаи волидайн (синну сол ва ҷинс)муносибати инфиродиро истифода мебарад. Он инчунин маслиҳатеро пешниҳод мекунад, ки ба шароити мушаххас мутобиқ карда шудааст.

Баъзе маводҳо барои ин барнома бо иҷозати шабакаи австралиягии Raising Children Network Australia (Raising Children Network), Afinidata), Real Play Coalition (https://www.realplaycoalition.com).https://afinidata.com/en/home/), Real Play Coalition (https://www.realplaycoalition.com). гирифта, мутобиқ ва тарҷума карда шудаанд.

Барои истифодаи барнома , инчунин  зеркашӣ ва намоиши  маводҳо ба шабакаи Интернет пайваст шудан лозим аст.

Дар шароити маҳдуд будани пайвастшавӣ ба интернет, барнома инчунин метавонад мухтор амал кунад. Барои ин, ба корбар зарур аст, ки ҳадди аққал як маротиба баъд аз зеркашӣ ё воридшавӣ ба он ба интернет пайваст шавад. Корбар дар Танзимоти барнома метавонад зеркашии маводҳои мувофиқ ба синну соли фарзанди худ, ё ин ки тамоми маводҳоро интихоб намояд. То ин, ки барои комилан бе пайвастшавӣ ба интернет истифода бурдани барнома имконият пайдо намояд.

Барномаро насб намоед ва ба Bebbo имконият диҳед, ки радифи Шумо дар тарбияи фарзандон шавад!