Шарт ва муқаррарот

Шарт ва муқаррарот

Бо истифодаи барномаи Bebbo (“Bebbo”), Шумо шартҳои зеринро қабул мекунед. Агар Шумо бо шартҳои мазкур розӣ набошед, шумо бояд барномаи Bebbo-ро истифода набаред.

Маводҳо

Bebbo ин барномаест, ки ба волидони кӯдакони хурдсол ва томактабӣ (0-6 сола) маълумот ва тавсияҳоро оид ба ҷанбаҳои гуногун аз он ҷумла  инкишоф, вазъи саломатӣ, хӯрокхурӣ ва асосҳои бозӣ ва ғ. пешниҳод менамояд. Bebbo инчунин имконияти дастрасиро ба маълумот дар бораи Тақвими иммунизатсиякунии миллӣ ва асосҳои муоинаҳои тиббии нақшавиро дорад ва имкон медиҳад, ки истифодабаранда барои гирифтани огоҳӣ дар бораи онҳо ҷурсозӣ намояд. 

Лутфан, Bebbo-ро бо мақсадҳои тиббӣ истифода набаред. Маводҳои ин барнома муоинаҳо, озмоишҳо ва ташхисҳои тиббиро иваз намекунанд. Агар Шумо аз саломатӣ ё инкишофӣ фарзанди худ нигарон бошед, ЮНИСЕФ  тавсия медиҳанд, ки аз  мутахассис, табиб ё ҳамшираи худ  маслиҳат пурсед. Агар истифодаи дилхоҳ маълумоте, ки дар барнома аст сабаби бад шудани саломатӣ гардад, ЮНИСЕФ масъулиятро бар дӯш гирифта наметавонад.

Дар барномаи мазкур тамоми маълумот ва тавсияҳо танҳо барои мақсадҳои иттилоотӣ ва таълимӣ пешбинӣ шудаанд.

Истифодаи тиҷоратии барномаи Bebbo  манъ аст. Тамоми контент, ки дар барнома пешниҳод шудааст, барои истифодаи шахсӣ ва ройгон пешбинӣ шудааст.

ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ барои фоидаи аздастрафта , кам шудани ҳаҷми фаъолият, қатъ шудани шартнома ва фаъолияти корӣ ҷавобгар намебошанд.

Маълумот ва истифодабарӣ

Bebbo маводҳои умумии иттилоотӣ оид ба рушд ва инкишофи кӯдакро дар синну соли дахлдор  пешниҳод мекунанд. Маълумоти марбут ба саломатӣ ва инкишофи фарзанд, ки онро корбарон ворид мекунанд, барнома дар дохил дохил нигоҳ медорад. Барои гирифтани иттилоот оид ба маълумоте, ки ЮНИСЕФ ҷамъоварӣ намуда истифода мебаранд, лутфан, бо Сиёсати махфият шинос шавед.

Bebbo метавонад оид ба санаҳои иммунизатсия ва муоинаҳои тиббӣ огоҳ намояд. Маълумот барои огоҳӣ дар асоси коркарди маълумоте, ки корбар пешниҳод намудааст ва бо истифода аз формулаҳои соддаи математикӣ/оморӣ пешниҳод шудааст. Тавсия дода мешавад, ки корбар ин санаҳо ва огоҳиҳоро алоҳида пайгирӣ намуда танҳо ба огоҳиҳои Bebbo такя накунад.

Навсозии маводҳо

Гарчанде, ки ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ барои навсозии маълумот дар Bebbo кӯшишҳои оқилона ба харҷ медиҳанд, ЮНИСЕФ ягон изҳорот, боварӣ ва кафолати пурра дода наметавонад, ки маводҳои Bebbo дақиқ, пурра ва мумбрам воқеӣ мебошанд.

Тағйирот дар қоидаҳо ва шартҳо

ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ метавонанд баъзе вақт шартҳои зеринро тағйир диҳанд. Ҳар гоҳе, ки Шумо мехоҳед аз Bebbo истифода намоед, лутфан бо шартҳо шинос шавед ва боварӣ ҳосил намоед, ки шартҳои амалкунандаро дарк менамоед.

Тағйирот дар барнома

Барои пешниҳоди маълумот ва истинодҳои навтарин ё таъмини имкониятҳои вазифавии нав, инчунин инъикос намудани тағйирот дар талаботҳои корбарони мо, ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ метавонанд баъзе вақт Bebbo-ро навсозӣ ва тағйир диҳанд.

Қатъ ё боздошти барнома

Барномаи Bebbo ройгон пешниҳод карда мешавад. ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ кафолат намедиҳанд, ки Bebbo ё дилхоҳ контенте, ки дар он ҳаст,  ҳама вақт дастрас буда метавонанд ва бефосила кор мекунанд. ЮНИСЕФ  метавонанд дастрасии тамоми Bebbo ё қисми онро бо сабабҳои корӣ мавқуф гузорад, бозхондӣ ё маҳдуд намояд. ЮНИСЕФ кӯшиш хоҳанд кард, ки оид ба таваққуф ё қатъи барнома пешакӣ огоҳ намоянд, аммо кафолат дода наметавонад. Фонд ва шарикони ӯ барои ин амал ҷавобгар нестанд.

Шиносоии дигар корбарон бо Шарту муқаррароти мазкур

Агар ягон каси дигар тавассути дастгоҳи Шумо аз Bebbo истифода барад, шумо низ масъул мебошед, ки он нафар аз қоидаҳои истифодабарӣ ва дигар шарту қоидаҳои муносиб огоҳ буда, онҳоро риоя намояд.

Истинодҳо ва манбаъҳои беруна

Bebbo метавонад ба торномаҳо ва манбаъҳои дигар, ки таҳти назорати ЮНИСЕФ ё шарикони ӯ қарор надоранд, истинод диҳад. Шомил кардани чунин истинодҳо маънои дастгирӣ ё тасдиқи  торнома, маҳсулот ё хизматрасониро аз ҷониби ЮНИСЕФ надорад.

ЮНИСЕФ нисбати ин гуна торномаҳо  ягон хел масъулият ё уҳдадорӣ надорад, аз ҷумла, масалан масъулият ё уҳдадорӣ барои дақиқ ва эътимоднок будани дилхоҳ иттилоот, маълумот, ақидаҳо, тавсияҳо ё изҳороте, ки дар ин торномаҳо пешниҳод шудаанд.

Ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ

Баъзе аз маводҳое, ки дар Bebbo дастрас мебошанд аз ҷониби мо ё дигар нафарони мо, ки дорои иҷозатнома мебошанд сохта ё пешниҳод шудаанд.

Bebbo ба корбар иҷозат медиҳад, ки дастрасӣ пайдо намуда аз маводҳо ва захираҳои мувофиқи Шартҳои истифодабарии мазкур дастрастӣ пайдо намояд. Мувофиқи Шартҳои истифодабарии мазкур, корбар метоавонад аз захираҳо дар шаклҳои иҷозатшуда, ки дар ин торнома оварда шудааст, истифода намояд.

Корбар метавонад танҳо дар Bebbo дастрасӣ ба маводҳо пайдо намояд ва онҳоро истифода барад ва наметавонад маводҳо ё захираҳоро ба шахси дигар диҳад, ё онҳоро дар сервери дигар нусхабародорӣ  намояд.

Корбар барои сохтани нусхаҳои рақамии маводҳо ё тағйири онҳо ҳуқуҳ надорад. Инчунин, ӯ набояд тасвирҳо, аксҳо, пайдарпаии видео ва аудио ё дилхоҳ графикаро истифода барад.

Ба истиснои маводҳои корбарон, маводҳо ва захираҳо, инчунин тамоми дигар қисмҳои Bebbo моликияти ЮНИСЕФ ва/ё дорандагони иҷозатномаҳо мебошанд ва бо ҳуқуқи муаллифӣ, патент ва/ё дигар ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии мувофиқ ба қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ ҳифз шудаанд. ЮНИСЕФ ва/ё дорандагони иҷозатномаҳои мо тамоми ҳуқуқҳоро ба маводҳо ва торномаи мазкур, ки ба таври возеҳ дар ин Шартҳои махфият ифода нашудаанд, нигоҳ медоранд.

Шумо барои лоиҳакашии дигар, кушодан, ҷудо кардан ё бо дигар усул дастрасӣ пайдо намудан ба рамзи замимавии дилхоҳ барнома, ки барои кори ин торнома  истифода метавонад мешавад, ҳуқуқ надоред. Шумо ҳуқуқ надоред, ки дилхоҳ огоҳиро оид ба ҳуқуқи муаллифӣ, иҷозатномаҳо ё дигар огоҳиҳоро дар дилхоҳ манбаъҳо ё дар ин торнома  нест намоед.

Маълумоти шахсӣ

ЮНИСЕФ ва шарикони ӯ маълумоти шахсиро танҳо мувофиқи Сиёсати махфияти Bebbo истифода хоҳанд бурд.

Ном ва нишони ЮНИСЕФ

Ном ва нишони ЮНИСЕФ моликияти истисноии ЮНИСЕФ мебошанд. Онҳо бо ҳуқуқи байналмилалӣ ҳифз шудаанд. Истифодаи бе иҷозати онҳо манъ аст. Онҳоро бе иҷозати пешакии хаттии ЮНИСЕФ ягон тавр нусхабардорӣ ё такрор кардан мумкин нест. Агар Шумо дар ин бора ягон савол дошта бошед, лутфан бо ЮНИСЕФ тамос гиред.

Имтиёзҳо ва масуниятҳо

Ҳеҷ чиз дар Шартҳои истифодабарӣ, Сиёсати махфияти мазкур ва нисбати Bebbo наметавонад ҳамчун дасткашӣ аз имтиёзҳо ва масунияти ЮНИСЕФ мувофиқи «Конвенисия оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони Милали Муттаҳид» маънидод карда шавад.