Сиёсати махфият

Сиёсати махфият

Bebbo – радифи Шумо дар тарбияи фарзандон  

Сиёсати махфият

Сиёсати махфияти мазкур ба барномаи «Bebbo» татбиқ мешавад, ки он барои пешниҳоди маълумот ва тавсияҳо ба волидайни кӯдакони синни бармаҳал ва томактабии аз 0 то 6 сола пешбинӣ шудааст. Дар Сиёсати махфияти мазкур тарзи ҷамъоварӣ, истифода, нигоҳдории маълумоти шахсӣ ва тарзҳои муҳофизати он  тавсиф мешавад.

Дар доираи Сиёсати мазкур зери ибораи “маълумоти шахсӣ” маънои дилхоҳ иттилооте фаҳмида мешавад, ки ба мо имконият медиҳад, то ин ки мо  Шумо, фарзандатон ё дастгоҳе, ки Шумо онро барои дастрасӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо Bebbo истифода мебаред, муайян намояд.

Дастрасӣ ба барномаи Bebbo барои кӯдакон ва ҷавонони то 18 сола пешбинӣ нашудааст.

Лутфан пеш аз истифодаи барнома бодиққат бо Сиёсати махфияти мо шинос шавед. Бо дастрасӣ пайдо кардан ва истифодаи барномаи Bebbo Шумо ба шартҳои Сиёсати махфияти мазкур розӣ мешавед.

Истилоҳҳои “Шумо”, “аз Шумо”, ё “Корбар” ба Шумо ҳамчун нафаре, ки ба барномаи Bebbo дастрасӣ пайдо кардааст ё онро истифода мебарад, ишора мекунанд.

Сиёсати махфияти мазкур ба чӣ паҳн намешавад?

Барномаи Bebbo метавонад истинод ба дигар торномаҳо ва хизматрасониҳое, ки ба онҳо Сиёсати махфияти мазкур паҳн намешавад, дошта бошад. Ба онҳо  метавонад мақолаҳои боршудаи дорои истинодҳо ба манбаи беруна дохил шаванд.

Сиёсати махфияти мазкур танҳо ба коркарди маълумоти Шумо аз ҷониби ЮНИСЕФ ва шарикони маҳаллии таъиншуда оид ба барномаи Bebbo татбиқ мегардад. Ҷамъоварӣ, истифода ва коркарди маълумоти шахсӣ аз ҷониби дилхоҳ торнома ё хизматрасонии беруна, ки ба он барнома ё маводҳои он истинод медиҳанд, аз ҷониби сиёсати махфияти тарафи сеюм танзим карда мешавад.

Пеш аз фаъолона истифода бурдани торномаи ҷонибҳои сеюм, шинос шудан бо Шартҳои истифодабарӣ ва Сиёсати махфияти онҳо ба таври қатъӣ тавсия дода мешавад.

Маълумот аз манбаъҳои гуногун ҷамъ мешаванд, чӣ тавре, ки дар поён шарҳ дода шудааст:

Маълумоти беном (махфӣ) , ки ҳангоми аз ҷониби Шумо истифода бурдани барнома ба таври худкор ҷамъоварӣ мешавад

Маълумоти пештар тавсифшудаи бо истилоҳ маълумоти беном барои пайгирии шумораи умумии корбарон, басомади истифодабарии вазифаҳо ва маводҳои гуногуни барнома бо мақсади такмил ва беҳтар кардани кори барнома истифода  мешавад. Ин маълумот танҳо барои таҳлил ва такмили хизматрасониҳо барои корбарӣ истифода мешаванд.

Нигоҳдории маълумот

Барои гирифтани маълумот вобаста  ба синну сол ва ҷинси фарзандатон, шумо бояд санаи таваллуд ва ҷинси ӯро ворид намоед. Бо шарофати ин барнома Шумо метавонед аз пайи афзоиш ва инкишофи фарзанди худ, инчунин санаҳои иммунизатсияҳо ва муоинаҳои тиббии нақшавӣ пайгирӣ намоед.

Барнома ягон навъи маълумоти шахсиро, ки метавонад волидон ё кӯдакро муайян намояд, ҷамъоварӣ намуда дар серверҳои беруна нигоҳ намедорад. Тамоми маълумоте, ки ба барнома дохил карда шудааст, танҳо дар дастгоҳи шахсии корбар – телефон, нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи сиёсатҳои махфияти Google ва Apple масъулияти пурра барои тамоми маълумоте, ки дар дастгоҳҳояшон нигоҳ дошта мешавад дар души корбарон аст (вобаста аз кадом низоми амалиётӣ дар смартфони корбар насб шудааст).

Маълумоти бештарро оид ба сиёсати махфияти Google ва Apple метавонед аз истинодҳои зерин дастрас намоед:

https://policies.google.com/privacy

https://www.apple.com/legal/privacy

Барнома аз пойгоҳи маълумоти рамзикунонида нашуда иборат аст, ки он дар смарт-дастгоҳи корбар ҷойгир шудааст. Ин пойгоҳ маълумоти пурраро оид ба барнома дар бар мегирад, яъне маълумот оид ба бозиҳо, маслиҳатҳо, саволҳои маъмул ва тамоми маълумот дар барои кӯдак, ки онҳоро волидон ба барнома ворид намудаанд. Масалан, рӯйдодҳои интихобшуда, иммунизатсияҳо ва ғайра. Пойгоҳи маълумот ягон маълумоти муайянкунандаи шахсиятро дар бар намегирад.

Нусхагирии захиравии маълумот

Волидон метавонанд нусхагирии захиравии тамоми маълумотро интихоб намояд (масалан, дар ҳолате, ки агар корбар хоҳад тамоми маълумоти худро ба дигар смарт-дастгоҳ гузаронад). Дар ин сурат, дар асоси амале, ки танҳо корбар метавонад дастӣ иҷро намояд, тамоми маълумоти матнӣ ҳамчун нусхаи захиравӣ эҷод карда мешавад ва дар диски шахсии корбар дар Google ё ин ки хазинаи файлҳои дастгоҳ сабт карда мешавад.

Бо мақсади бехатарии маълумоти корбар, файли нусхаи захиравӣ рамзгузорӣ хоҳад шуд.

Чӣ тавр ЮНИСЕФ ва маълумотеро, ки дар барнома ҷамъоварӣ шудааст, истифода мебаранд?  

Корбар метавонад итминони комил дошта бошад, ки ЮНИСЕФ  маълумотро оид ба шахсияти корбар ҷамъоварӣ, хариду фуруш , иваз ё бо ягон роҳи дигар интиқол намедиҳад.

Таҳлил ва такмили барнома

ЮНИСЕФ ва шарикони он метавонанд маълумоте, ки дар барнома ҷамъоварӣ шудааст, мисли амалҳои корбар дар барнома ё ҷавобҳои ӯ дар пурсишҳое, ки дар барнома вуҷуд доранд, истифода баранд. Ин пурсишномаҳоро пур кардан ҳатмӣ нест.  Онҳо барои мониторинг, таҳлили истифодабари барнома ва такмили он истифода мешаванд.

Маълумотҳои ҷамъбастӣ

ЮНИСЕФ метавонад маълумоти беном ва маълумоте, ки дар барнома барои таҳлили оморӣ ҷамъоварӣ шудааст, гуруҳбандӣ ва якҷоя намуда барои такмили барнома коркард намояд. ЮНИСЕФ метавонад маълумотеро, ки барои ин ё дигар мақсадҳои қонунӣ  ҷамъоварӣ шудааст барои мақсадҳои дигари қонунӣ, мисли чорабиниҳои таблиғотӣ ва тадқиқотӣ истифода  барад. Натиҷаҳои бо ин восита ба даст овардашуда метавонанд ба тарафи сеюм, мисли шарикони милллӣ ва идораҳои тадқиқотӣ ба воситаи конфросҳо,  нашриётҳо дар маҷалаҳои илмӣ  ва дигар  нашрияҳо  интиқол дода шаванд

Ҷанбаи ҳуқуқӣ

 Нашркунандаи барнома маълумоти шахсиро ҷамъоварӣ ва коркард намекунад. Яъне маълумоте, ки , яъне дар бораи он метавонад шахсияти волидоне, ки бо дастгоҳи худ барномаро истифода мебаранд ё кӯдаке, ки маълумоти ӯ ворид карда шудааст.

Торномаҳо, барномаҳо ва хизматрасониҳои беруна

Барнома метавонад истинод ба торномаҳо ва хизматрасониҳои дигарро дар бар гирад, ки ба онҳо Сиёсати махфияти мазкур паҳн намегардад. Ин ба ҷойгир намудани мақолаҳои, дорои истинод ба манбаи беруна, ки таҳти назорати ЮНИСЕФ қарор надоранд, дахл дорад.

Сиёсати махфияти мазкур танҳо барои коркарди маълумоти шумо аз ҷониби ЮНИСЕФ марбут ба ин барнома татбиқ карда мешавад. ЮНИСЕФ барои сиёсати бехатарӣ ва сиёсати махфияти дилхоҳ ҷониби сеюм, вебсайт ё хадамотҳои ҷониби сеюм, ки ба он барнома бо истинод иртибот мекунад, масъулият бар душ надорад. Диққат диҳед, ки шартҳои Сиёсати махфияти мазкур ба торномаҳо ва маводҳои беруна, инчунин ба дилхоҳ ҷамъоварии маълумоти бо торномаҳои беруна алоқаманд паҳн намешавад.

Бо мо тамос гиред

Агар Шумо оид ба махфият ва истифодабарии маълумоти шахсӣ дар барнома савол ё нигарониҳо дошта бошед, ҳатман ба мо бо суроғаи зерин муроҷиат намоед: dushanbe@unicef.org

Розигии Шумо

Бо истифода бурдани барномаи Bebbo, Шумо бо сиёсати махфияти он розӣ мешавед.

Навсозии охирин: 30 сентябри соли 2021