Афзоиши қади кӯдак дар 6 моҳи аввал

Кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт тезтар меафзояд ва баъдан афзоиши ӯ тадриҷан сустар мешавад.
Body

Се моҳи аввали пас аз таваллуд, кӯдак аз ҳама зудтар калон мешавад ва пасон афзоиши фаъол идома меёбад, аммо каме сустар мешавад. Дар ин давра, ғизо ва омилҳои ҳанӯз номукаммали ирсӣ ба суръати афзоиш ва дастгирии муносиби атрофиён таъсири калидӣ мерасонанд. Бемориҳои кӯдакона метавонанд ба афзоиши кӯдак таъсири манфӣ расонанд, аммо бо дастгирии муносиби Шумо, онҳо одатан таъсири муваққатӣ доранд.

  • Қади фарзанди Шумо бо роҳи чен кардани андозаҳои афзоиш аз қабили: вазни бадан, дарозӣ (дарозии кӯдакони то 2 сола дар ҳолати дароз кардан, хобидан чен карда мешавад) гирди сари кӯдак ва баъд дар муқоиса бо меъёрҳои афзоиши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) баҳогузорӣ карда мешавад. Барои арзёбӣ, ин меъёрҳо дар шакли ҷадвали афзоиш (каҷҳои қад ва вазни бадан) алоҳида барои писарон ва алоҳида барои духтарон, таҳия шудаанд.
  • Ҳангоми ҳар як муоинаи нақшавӣ, андозаҳои кӯдак чен карда шуда, маълумот дар бораи он дар ҷадвалҳои (каҷҳои) афзоиш гузошта мешавад ва ҳамин тавр мониторинг ва назорат карда мешавад, ки оё кӯдак ба синну сол мувофиқ афзоиш ёфта истодааст ё не.

Ҳангоми таваллуд:

  • Андозаи миёнаи вазн ва дарозӣ ҳангоми таваллуд барои писарон (тақрибан 3600 гр ва 51,5 см) нисбат ба духтарон (тақрибан 3500 г ва 50,5 см) каме баландтар аст, ки таъсироти омилҳои ирсӣ ба афзоишро равшан инъикос мекунад. Андозаи миёнаи сар ҳангоми таваллуд тақрибан 35 см аст.

Моҳи аввал:

  • Ҳайрон нашавед, агар кӯдаки Шумо дар рӯзҳои аввали пас аз таваллуд то 10% вазни бадани худро гум кунад. Ин ҳолати муваққатӣ аст ва бо нигоҳубини дуруст ва ғизо, беҳтараш бо шири модар, на дертар аз охири ҳафтаи дуюми ҳаёт, ҷуброн карда мешавад.
  • Дар рӯзҳои наздик интизорӣ аст, ки кӯдак дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 20 то 30 грамм афзоиш меёбад.
  • Моҳи аввал моҳест, ки кӯдак ба шароити зиндагӣ дар муҳити беруна одат мекунад ва фарқият дар афзоиши ӯ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ шояд чунин бошад, ки кӯдаки Шумо ҳамагӣ 400 грамм илова карда истодааст, ё агар вай калонҳаҷм таваллуд шуда бошад, фаъолона сина макад ва хуб хоб кунад, ӯ метавонад то 1000 грамм ва аз ин ҳам зиёдтар илова кунад. Дар ин давра, он ба ҳисоби миёна 4,5-5 см афзоиш меёбад.
  • Доираи сар барои назорат муҳим аст, зеро он ба афзоиши мағзи сар вобаста аст. Мағзи сар бо иттилооти зиёде аз муҳити атроф пур мешавад ва ба таври фавқулода меафзояд, аз ин рӯ, дар давоми ин моҳ гирди сари кӯдак метавонад тақрибан ба 3-5 см афзоиш ёбад.

Се моҳи аввал:

  • Инкишофи кӯдаки Шумо бо ҳамон суръате, ки дар давоми ҳафтаҳои аввали ҳаёт афзоиш меёфт, идома хоҳад кард. Дар тӯли ин моҳҳо, вай бояд аз 700 то 900 грамм вазн гирад, аз 2,5 см то 4 см афзоиш ёбад ва гирди сараш дар як моҳ 1,2 см афзоиш ёфта, дар 3 моҳагӣ, гирди сари ӯ бояд ба ҳисоби миёна 40, 5 см ташкил диҳад. Шумораи  мазкур  танҳо арзишҳои миёна мебошанд ва аз ин сабаб, норасоиҳои мӯътадил аз афзоиши муқаррарӣ имконпазиранд ва рушди кӯдаки Шумо дар асоси тасвири умумӣ арзёбӣ карда мешавад.

6 моҳагӣ

  • Аз моҳи чорум то ҳафтум, кӯдак дар як моҳ аз 450 то 550 грамм афзоиш меёбад. Дар ин муддат қади вай тақрибан 6 см ва гирди сари ӯ  2,5 см зиёд мешавад.
  • Дар байни моҳҳои 4-ум ва 6-ум, вазни аксари кӯдакон нисбат ба вазни таваллудашон ду баробар зиёд мешавад. Барои кӯдакони бармаҳал таваллудшуда, ин метавонад дар 3-4 моҳагӣ ба амал ояд.

Афзоиши ҳар як кӯдак беназир аст ва агар кӯдак  нигоҳубин ва ғизои дуруст дорад, ӯ мувофиқи синну сол меафзояд, ченкунии мунтазам ва истифодаи ҷадвалҳои афзоиш ба мо кӯмак мекунанд, ки инкишофи кӯдакро дуруст назорат кунем.