Агар эҳсоси эҳтимолан ба кӯдакатон зарар расонидан дошта бошед

Ҳамаи кӯдакон ҳуқуқ доранд, ки аз таҳқир эмин бошанд ва ҳифз карда шаванд. Бо вуҷуди ин, иҷро намудани ӯҳдадориҳо ҳамчун волидайн баъзан метавонад аз ҳад зиёд хаста кунад. Агар Шумо эҳсос кунед, ки эҳсосоти худро идора карда наметавонед ва қодиред, ки ба фарзандатон зарар расонед, пас ба Шумо кӯмак лозим аст.
Body
Волидайни дорои қобилияти зарар расонидан ба кӯдак

Волидайни ҳаёти муқаррарӣ дошта низ баъзан худро ниҳоят хаста эҳсос мекунанд. Аммо баъзан аз он бадтар низ мешавад.

Агар Шумо хеле хаста шуда бошед, аз рафтори душвори фарзандатон ноумед шуда бошед, ё аз он хавотир бошед, ки оё Шумо кори дуруст карда истода бошед, назорат кардани эҳсосот ва аксуламалҳои худ барои Шумо душвор буда метавонад. Набудани дастгирии кофӣ инчунин метавонад сабри Шумо ва қобилияти тарбия намудани фарзандатонро кам кунад.

Баъзан мушкилоти шахсӣ, эмотсионалӣ, тиббӣ ё молиявӣ метавонад Шуморо ба дараҷае хаста кунад ва Шумо эҳсос мекунед, ки фарзандатонро дуруст нигоҳубин карда наметавонед.

Шояд Шумо дар бораи гузаштаи худ эҳсосоти вазнин, ба монанди кӯдакии бадбахтона ё набудани дастгирӣ аз ҷониби оила дошта бошед. Ин таҷрибаи гузашта метавонад ҳаёти Шуморо ба сифати волидайн душвор созад.

Агар рафторатон аз назорати Шумо берун монанд ва Шумо ба кӯдаки худ ба таври шифоҳӣ ё ҷисмонӣ хашмгинии худро изҳор намоед, ҳатто агар онро нахоҳед ҳам Шумо хатари ба ӯ осеб расониданро доред.

Ҳеҷ гоҳ ба кӯдак зарар нарасонед. Ҳар як кӯдак ба бехатарӣ ва ҳимоя ҳуқуқ дорад.

Чӣ бояд кард

Агар Шумо фикр кунед, ки Шумо метавонед ба фарзандатон зарар расонед, дар ин маврид бояд чораҳои зерин андешида шаванд.

Дар мавриди чунин ҳиссиёт:

  • Бозистед.
  • Дур равед ва якчанд маротиба нафаси чуқур кашед.
  • Барои муҳокимаи масъала ба ягон кас, масалан ба аъзои оила, дӯст ё телефони боварии волидайн занг занед.

Вақте, ки Шумо оромтар мешавед:

  • Фикр кунед, ки чӣ ҳодиса рӯй дод ва он ба Шумову фарзанди Шумо чӣ гуна таъсир расонд.
  • Барои беҳтар кардани вазъият коре кунед.
  • Барои дастгирӣ намудан ва кӯмак кардан барои ворид кардани тағйирот муроҷиат намоед.

Агар Шумо ҳис кунед, ки ба фарзандатон зарар мерасонед ё зарар расондед, муҳим аст, ки фавран ба кӯмак муроҷиат кунед. Агар фарзанди Шумо ба ёрии тиббӣ ниёз дошта бошад, ба ёрии таъҷилӣ занг занед.

Қабули дастгирӣ ҷиҳати муносибати бад накардан бо кӯдакон

Агар Шумо фикр кунед, ки метавонед ба фарзандатон зарар расонед ва ин эҳсосотро эътироф карда бошед, Шумо метавонед барои пешгирӣ кардани ин хатар чораҳо андешед.

Дар поён номгӯи мутахассисон ва хадамотҳое оварда шудааанд, ки метавонанд ба Шумо кӯмак расонанд:

  • мушовирони телефонҳои боварии фаъол;
  • хадамот/барномаҳои дастгирии оилаи дар минтақаи Шумо вуҷуддошта, масалан, маркази иҷтимоӣ-педагогӣ, марказҳои ҳудудии хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ (аз ҷумла барномаҳои мубориза бо хушунат дар оила);
  • равоншинос дар кӯдакистон;
  • равоншиноси маркази таълим ва рушд;
  • табиби Шумо – агар Шумо надонед, ки ба кӣ муроҷиат намоед ӯ метавонад ба маслиҳат диҳад, ки ба кадом мутахассис муроҷиат кунед (равоншиносон ва мушовирон);
  • корманди иҷтимоии Шумо (агар бошад).

Дархости кӯмак ҷасоратро талаб мекунад, аммо ин инчунин нишон медиҳад, ки Шумо:

  • фарзанди худро дӯст доред ва дар бораи манфиатҳои ӯ ғамхорӣ кунед;
  • мавҷудияти мушкилотро фаҳмед;
  • масъулиятро ба дӯш гиред;
  • хоҳиш дошта бошед, ки чизеро дар оилаатон тағйир диҳед;
  • барои беҳтар намудани вазъият ҷидду ҷахд кунед.

Шояд ба Шумо фаҳмидани он, ки Шумо ягона волидайне нестед, ки рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронед, дарди Шуморо сабуктар намояд. Ҳар як табиб, равоншинос, мушовир, корманди иҷтимоӣ ва оператори телефони боварӣ бо шахсе, ки ба чунин мушкилот гирифтор аст, сӯҳбат карда, кӯмак кардааст.

Бо Шумо метавонанд мутахассисоне кор кунанд, ки мефаҳмонанд чи гуна волидайни хуб шавед. Вақте ки Шумо кӯмак мепурсед, бо ин Шумо барои фарзандатон, оилаатон ва худатон ҳама кори аз дастатон меомадаро мекунед.