Агар кӯдак афтад чӣ бояд кард?

Афтодан барои аксари кӯдакон бо харошидан ё латма анҷом меёбад. Бо вуҷуди ин, бояд донед, ки афтидан метавонад оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, махсусан барои навзодон ва кӯдакони хурдсол.
Body
Чӣ бояд кард агар кӯдак афтад?
  • Кӯдаки худро ором кунед ва тасаллӣ диҳед. Ӯро ба оғӯш кашед ва дилсӯзӣ кунед.
  • Ба ҷои кӯфташуда чизи хунук ё ях (бо латта ё рӯймол печонида) монед.
  • Агар кӯдак пас аз афтидан аз дарди шадиди пой ё даст шикоят кунад ва бо душворӣ роҳ гардад ё роҳ рафта натавонад ва дар ҷои зарба варами шадид пайдо шавад, ин метавонад аломати осеби ҷиддӣ бошад – баромадан, рагканӣ ё шикастан.
  • Агар кӯдак дар натиҷаи афтидан ягон ҷояшро бурида бошад, захмҳоро бо собун шӯед, то ки аз чирк тоза карда шавад.
  • Агар хунравӣ бошад, онро қатъ кардан лозим аст.
  • Агар кӯдак дар вақти афтидан сарашро занад, вале аз ҳуш наравад ва чун пештара амал кунад, дар давоми 48 соати оянда рафтори ӯро назорат кунед, то ягон аломати ғайриоддиеро, ки метавонад нишонаи осеби ҷиддӣ бошад, муайян кунед.
Дар кадом ҳолат кӯдакро ба духтур бурдан лозим аст?
Кӯдаки худро ба назди табиб баред, агар:
  • вай хеле хоболуд аст ё аз хоб бедор шуданаш душвор аст,
  • аз сархчархзанӣ шикоят мекунад,
  • вай қай мекунад,
  • аз дарди сар, гардан ё тахтапушт шикоят мекунад,
  • муқаррарӣ роҳ рафта наметавонад, пойҳо ва дастҳои худро идора ё қат карда наметавонад, ё ҳангоми ҳаракат ё дар ҷои зарба аз дарди шадид шикоят мекунад;
  • аз мушкилоти биноӣ шикоят мекунад,
  • агар шумо бинед, ки вай чашмонашро ба як нуқта дӯхта наметавонад.
Дар кадом ҳолат лозим аст, ки фавран ёрии таъҷилии тиббиро даъват кунед?

Агар шумо яке аз аломатҳои зеринро мушоҳида кунед, ФАВРАН БА ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ ТИББӢ БА РАҚАМИ 103 ЗАНГ ЗАНЕД:

  • кӯдак аз ҳуш рафтааст,
  • пас аз афтидан кӯдак ҳаракат намекунад ё ҳаракат кардан душвор аст;
  • нафаскашии кӯдак душвор аст;
  • кӯдак дар ҳуш аст, вале хеле дар ҳаяҷон;
  • кӯдак қайкунии шадид дорад;
  • кӯдак қисман дар ҳуш аст, фаҳмиш суст, хурӯҷи эпилептикӣ дорад.

Агар кӯдак беҳуш бошад ва аломатҳои ҳаёт надошта бошад, бояд фавран реаниматсияи дилу шуш оғоз карда, фавран ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шавад (103).