Агар кӯдак гулӯгир шавад чӣ бояд кард?
Аз кӯдаки худ хоҳиш намоед ки сулфа кунад!
Сулфаи беихтиёрона – роҳи беҳтарини тоза кардани ашёи бегона аз роҳҳои болоии нафас мебошад. Агар кӯдак сулфа карда натавонад, нафас накашад, фавран ашёи бегонаро аз роҳи нафаси кӯдак хориҷ кунед ва ба реаниматсия шурӯъ кунед.
ДИККАТ! Ашёи бегонаро танҳо дар сурате берун кашидан мумкин аст, ки ангуштон ба он расанд ва он намоён бошад!
Барои гирифтани ашёи бегона ду усул истифода мешавад: а) торсакӣ задан ба тахтапушт ё пахш кардани қафаси сина ва б) усули Геймлих.
Торсакӣ задан ба тахтапушт ва фишор ба қафаси сина
Онҳоро вобаста ба синну соли кӯдак бо якчанд роҳ иҷро кардан мумкин аст:
- Кӯдаки хурдсолро ба рӯи дасти худ гузоред ва рӯи ӯро ба тарафи фарш гардонед. Сарашро бо дасте, ки кӯдакро бо он медоред, сахт нигоҳ доред. Бо кафи дасти дигар кӯдакро дар минтақаи байни шонаҳояш 5 маротиба бо қувваи мӯътадил занед.
- Сипас кӯдакро ба тахтапушт гардонед ва ӯро бо дастатон доред. Сари кӯдакро бо дасти худ ҳамон тавр нигоҳ доред, ки аз бадан дар мавқеъи каме пасттар бошад. Мисли масҳи дил, устухони тӯши қафаси синаро 5 маротиба пай дар пай пахш кунед, аммо нисбат ба масҳи дил сахттар ва на он қадар тез (як пахш бояд 3 сония давом кунад). Агар ашёи бегона намоён шавад, онро хориҷ кунед.
Агар кӯдак хурд бошад, ин усулро дар курсӣ нишаста иҷро кунед:
Кӯдакро рӯи зонуи худ рӯяшро ба фарш гардонида гузоред ва сарашро тавре нигоҳ доред, ки он аз бадан дар мавқеъи пасттар бошад. Бо кафи даст ба мобайни шонаҳояш 5 маротиба сахт занед.
Агар кӯдак калонтар бошад, ин усулро рост истода иҷро кунед:
Ба кӯдак гӯед, ки бо тамоми қувва сулфа кунад. Ӯро ба пеш хам карда, ба кафи даст байни шонаҳояш 5 маротиба занед. Агар ин натиҷа надиҳад ё нишонаҳои шадидтар пайдо шаванд, дар паси ӯ истода, бо ҳарду даст қафаси синаашро дошта, дастҳоятонро дар поёни устухони тӯш ҷойгир кунед ва то 5 маротиба онро фишор диҳед.
Усули Геймлих барои кӯдакони аз яксола боло мувофиқ аст:
Тартиби иҷрои усули Геймлих вобаста ба мавқеи кӯдак фарқ мекунад.
- Агар кӯдак рост истода ё нишаста бошад, дар паси ӯ истода, бо ду дастатон аз зери бағали кӯдак қафаси синаашро доред. Як дастро мушт карда, дар мобайни шикам, каме болотар аз ноф гузоред, бо дасти дигар бошад мушти фишурдаро доред. Пас аз ин 5 маротиба пай дар пай ба самти боло пахш кунед, эҳтиёт шавед, ки канори устухони тӯш ва канори поёни қабурғаҳоро пахш накунед. Мавқеи ба худ бароҳатро ишғол кунед – шумо метавонед кӯдакро бардоред, ё дар паси ӯ ба зону истед ва ё кӯдакро ба курсӣ шинонед.
- Агар кӯдак беҳуш бошад, усули Геймлих ба таври зерин иҷро карда мешавад: кӯдакро ба тахтапушт хобонида, сарашро тавре мегузоранд, ки рӯяш ба боло бошад. Пойҳои кӯдакро васеъ карда, кафи як дастро ба мобайни шикамаш (болотар аз ноф, поёни канори устухони тӯши қафаси сина) гузошта, дасти дигарро ба рӯи он гузоред, ба самти сараш равона карда 5 маротиба пахш кунед. Агар баъд аз ин ашёи бегона намоён шавад, онро хориҷ кунед ва нафаси сунъӣ диҳед. Агар кӯдак нафас накашад, амалҳои худро барои хориҷ кардани ашёи бегона такрор кунед ё усули дигарро истифода баред.
Агар ашёи бегонаро бо воситаи тарсакӣ задан ба пушт ё бо истифода аз усули Геймлих хориҷ кардан ғайриимкон бошад, бетаъхир ба реаниматсияи дилу шуш оғоз кунед! 5 нафаскашии санҷиширо диҳед ва агар гузариши ҳаво то ҳол баста бошад, танҳо бо фишори қафаси сина реаниматсияи дилу шушро идома диҳед. Пас аз як ё ду дақиқаи оғози реаниматсия ба ёрии таъҷилӣ занг занед!
Чиро набояд кард
Агар ашё намоён набошад, кӯшиш накунед, ки ашёро аз даҳони кӯдак гиред! Хавфи ҷиддии тела додани ашё ба трахея вуҷуд дорад ва ба ин васила ҳолати кӯдакро бадтар кардан мумкин аст.