Албоми оилавӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Аксҳои аъзоёни оила, хешовандон ё дӯстон.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Вақте ки кӯдак ба дунё меояд, муошират бо наздикон метавонад камтар шавад – машғулияти пешниҳодшуда ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки чеҳраи одамони барои Шумо муҳимро шиносад.
Барои оғоз кардан, аксҳои ҳар як шахсеро омода кунед, ки Шумо мехоҳед фарзандатон шиносад. Беҳтар аст, агар дар сурат танҳо чеҳраи одам бошад.
Ба кӯдак яке аз расмҳоро нишон диҳед.
Ҳангоме ки кӯдак ба расм нигоҳ мекунад, Шумо метавонед ба ӯ номи он шахс ва ӯ ба Шумо кӣ мешавад, гӯед. Дар бораи ин шахс суханони нек гӯед, ба кӯдак гӯед, ки ин шахс ӯро бисёр дӯст медорад.
Шумо метавонед ин амалро дар як рӯз як маротиба дар тӯли якчанд рӯз такрор кунед ва боз ҳам беҳтар мешавад, агар дар давоми якчанд рӯз пас аз он кӯдак ин шахсро бубинад, то ӯро боз ҳам беҳтар дар ёд дошта бошад ва шиносад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Иҷрои ин машғулият ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки чеҳраҳои шиносро эътироф кунад ва малакаҳои иҷтимоиро барои муоширати оянда инкишоф диҳад.