Алифбои хӯрок

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бозингари аввал бозиро бо гуфтани он оғоз мекунад: "Ман хеле гуруснаам, ман метавонам хӯрам [чизе, ки бо ҳарфи "а" оғоз мешавад, ба мисли ананас]!" Бозингари навбатӣ мегӯяд: "Ман хеле гуруснаам, ман метавонам [чизе, ки бо ҳарфи "б" оғоз мешавад) хӯрам!". То он даме, ки номи маҳсулотро бо тартиби алифбо “хӯред”, идома диҳед...

Роҳи ҷолиби душвортар кардани бозӣ - ин такрор кардани тамоми номҳои "маҳсулот"-и  пеш аз Шумо номбаршуда ва сипас гуфтани номи маҳсулот дар навбати худ. Яъне ҳама бозингарон бояд ҳама маҳсулоти қаблии «хӯрда»-ро дар хотир дошта бошанд. Ҳамин тавр, мисол, бозингаре, ки бояд бо ҳарфи "е" чизе бигӯяд: "Ман чунон гуруснаам, ки метавонам ... ананас, банан, велосипед ва ... хӯрам". Барои боз ҳам душвортар кардани бозӣ, Шумо метавонед тартиби алифборо баръакс аз охир оғоз намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ захираи луғавиро хеле хуб инкишоф медиҳад. Маҳз ягон чизи хӯрокворӣ гуфтан лозим нест, зеро ҷавобҳо ҳар қадар ғайриоддӣ ва ғайричашмдошт бошанд, ҳамон қадар хандаовартар мешавад.