Аломатҳои хастагӣ дар тифлон ва кӯдакони хурдсол
Аломатҳои хастагӣ: чаро онҳо муҳиманд?
Кӯдакон хастагиро тавассути тағир додани рафтори худ нишон медиҳанд. Масалан, фарзанди шумо метавонад ногаҳон асабонӣ, аз ҳад зиёд фаъол ё серталаб шавад.
Муҳим аст, ки шумо дар фарзанди худ "аломатҳои хастагӣ"-ро дида тавонед. Онҳо ба шумо мегӯянд, ки кай вақти ором кардани кӯдак фаро расидааст ва кай ӯро хобонед. Агар шумо интизор шавед, ки фарзандатон хеле хаста шавад, ором кардани ӯ мушкилтар мешавад.
Кӯдакони навзод: нишонаҳои хастагӣ
Агар фарзанди навзоди шумо хаста бошад, шумо баъзе аз нишонаҳои зерини хастагиро мушоҳида карда метавонед:
- ӯ гӯшҳояшро мекашад
- ӯ муштҳояшро махкам мекунад
- ӯ хамёза мекашад
- ӯ тез мижа мезанад ё диққатҷалбкунии ӯ суст мебошад
- ӯ дасту пой мезанад ё худро ба қафо хам мекунад
- ӯ руй бурма мекунад ё ноором мешавад
- ӯ ангуштонашро мемакад
Тифлон ва кӯдакони хурдсол: нишонаҳои хастагӣ
- Дар синни 3-6 моҳагӣ кӯдаки шумо пас аз 1,5-3 соати бедор буданаш метавонад хастагӣ ҳис кунад.
- Дар синни 6-12 моҳагӣ кӯдаки шумо метавонад пас аз 2-3 соати бедор будан худро хаста ҳис кунад.
- Дар синни 12-18 моҳагӣ кӯдак метавонад аз ҳад зиёд хаста шавад, агар саҳар ё нисфирӯзӣ хоб накунад.
Агар фарзанди шумо хаста бошад, шумо метавонед баъзе аз нишонаҳои хастагии зеринро мушоҳида кунед:
- ӯ лаванд мешавад
- ӯ ба шумо “мечаспад”
- ӯ инҷиқӣ ё гиря мекунад
- ӯ диққатро ба худ талаб мекунад
- ӯ аз бозичаҳо бозӣ кардан дилгир мешавад
- ӯ хангоми хурокхурӣ беқарор мешавад
Хастагӣ ё гуруснагӣ?
Инҷиқӣ ё гиря метавонад маънои онро дошта бошанд, ки фарзанди шумо хаста шудааст, аммо баъзан фарқ кардани кӯдаки хасташудаи инҷиқ аз кӯдаки гуруснаи инҷиқ душвор аст.
Агар фарзанди шумо дар ду соати охир ғизо хӯрда бошад, аммо инҷиқӣ кунад, пас эҳтимол дорад, ки вай хаста шудааст. Агар шумо дудила бошед, ба ӯ чизе хӯрданӣ пешниҳод кунед. Агар ӯ каме шир нӯшад ва ҳоло ҳам инҷиқ бошад, ин маънои онро дорад, ки ӯ хобидан мехоҳад.
Кам кардани шумораи ангезаҳо
Агар фарзанди шумо аломатҳои хастагӣ дошта бошад, бо кам кардани миқдори ангезаҳо ӯро барои истироҳат омода кунед. Шумо метавонед инро чунин анҷом диҳед:
- кӯдакро ба он ҷое, ки одатан хоб мекунад, баред
- бозичаҳоро дур гузоред
- бо оҳанги ором ва таскинбахш гап занед
- пардаҳоро махкам кунед
- чароғро хомӯш кунед – агар лозим бошад, шабчароғро истифода баред
- барои кам кардани садоҳои беруна мусиқии ором монед
Ташкил намудани муҳити ором
Пеш аз хоб дар муҳити ором дар ҷое, ки фарзанди шумо одатан хоб мекунад, каме вақт гузаронед, ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки истироҳат кунад.
Фаъолияти ором бо кӯдак метавонад чунин бошад: оғӯшҳои нарм, хондани афсона ё сурудани сурудҳои ором.
Барои фарзанди шумо метавонад танҳо чанд дақиқа вақт дар муҳити ором лозим бошад, то ин ки ӯ бароҳат шавад ва ба хоб рафтан омода бошад. Агар дар хона ғавғо бошад, пас ба кӯдак пеш аз хоб рафтанаш метавонад вақти иловагӣ дар муҳити ором лозим шавад.