Ана ман!
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: рӯймолча, сачоқи хурд ё порчаи матоъ, курсии бароҳат.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин бозӣ як роҳи оддӣ, вале комилест, ки ба кӯдаки Шумо дар рушди малакаҳои муоширати иҷтимоӣ кӯмак мекунад.
Барои оғоз кардан, дар курсӣ нишинед ва кӯдакро ба зонуи худ гузоред. Барои ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ, бо кӯдак гап занед, ба ӯ суханони навозишкорона ва меҳрубонона гӯед, ки бо табассум ва имову ишора ҳамроҳӣ кардан мумкин аст.
Вақте ки таваҷҷӯҳи ӯ ба шумост, сару рӯятонро бо рӯймол ё матоъ пӯшонед, то ӯ шуморо набинад. Пас аз чанд сония рӯймолро бардоред ва бо хушҳолӣ табассум карда гӯед: «Ана ман!». То он даме, ки кӯдак шавқашро гум накунад, якчанд маротиба такрор кунед.
Шумо метавонед бозиро каме тағир диҳед, на рӯи худ, балки рӯи кӯдакро пӯшонед. Пас аз чанд сония рӯймолро бардоред ва гӯед: "Ана ту!". Ва ё бигзоред, ки ӯ худаш руймолро аз рӯй гирад.
Дар хотир доред, ки пӯсти кӯдаки Шумо хеле нозук аст, бинобар ин танҳо аз матои тунук ва нарм истифода баред. Рӯи кӯдакро муддати дароз напӯшонед, сари ӯро набандед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин бозии шавқовар, фарзанди Шумо пешгӯии вусъати вазъиятро меомӯзад ва ҳангоми изҳори эҳсосот алоқаи сабабу - натиҷаро барқарор мекунад. Он инчунин ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва дарки табиати ашёҳои гуногун мусоидат мекунад.