Анафилаксия
Дар бораи анафилаксия
Анафилаксия – ин аксуламали ҳассосияти вазнин буда, барои ҳаёти инсон хатарнок мебошад. Анафилаксия дар ҳолате мешавад, ки кўдак дар муҳити зист ба ягон чиз бо номи аллерген вокуниш мекунад. Аллерген шуда метавонад ягон чиз ба монанди маводи хўрока, газидани ҳашарот ва маводи доруворӣ.
Анафилаксия ёрии фаврии тиббиро талаб менамояд. Агар дар кўдаки Шумо аксуламали анафилактикӣ бошад, аввалан кўдакро ба сатҳи ҳамвор гузоред ё ин ки шинонед. Рост истодан ва ё гаштанро манъ кунед. Баъдан автоинъектори адреналин, ба монанди EpiPen®-ро истифода баред, агар ў дастрас бошад. Пас аз он ёрии таъҷилиро даъват кунед.
Нишонаҳои анафилаксия
Агар дар кўдаки Шумо аксуламали вазнини аллергикӣ бошад, дар ў як ё якчанд аломатҳо ва ё нишонаҳои зерин шуданаш мумкин:
- нафаскашии вазнин ва ё овоздор
- варами забон
- тангшавии гулў
- мушкилӣ дар вақти гапзадан ё / овози хирросдор ё гиря
- хиррос ва ё сулфаи доимӣ
- доимо чарх задани сар ё беҳуш шудан
- пўсти рангпарида ва беҳол шудан (дар кўдакони синни бармаҳал).
Баъзан аксуламали анафилактикӣ сабук ба назар мерасад, аммо зуд вазнинтар мешавад. Барои ҳамин, агар кўдаки Шумо гирифтори аллергия бошад, дар ҳолате, ки аксуламали ҳассосӣ пайдо мешавад, бодиққат ўро назорат кардан зарур аст.
Анафилаксия асосан дар муддати якчанд дақиқа пас аз тамоси кўдаки Шумо бо аллерген пайдо мешавад. Вале баъзан ин пас аз 1-2 соат шуданаш мумкин.
Тесткунонии анафилаксия
Муайян намудан зарур аст, ки дар кўдаки Шумо ҳассосияти аксуламалро чи ба вуҷуд меорад.
Аксарияти кўдакони дорои ҳассосият одатан ба тухм, шири гов, гандум ё лўбӣ ва равғани лўбиҳо дар синни 5-10 солагиашон аз ҳассосияти худ мебароянд.
Ҳассосият ба нахуд, чормағзи дарахт ва моҳӣ одатан дар тамоми ҳаёти зиндагӣ боқӣ мемонад.
Табобати анафилаксия
Адреналин барои табобати анафилаксия истифода бурда мешавад. Ў зуд нишонаҳои анафилаксияро бартараф мекунад.
Агар кўдаки Шумо хатари анафилаксия шуданро дошта бошад, ба ў бо эҳтимоли зиёд автоинъектори адреналини масалан EpiPen®- ро таъин мекунанд.
Зарур аст, ки Шумо ва кўдаки Шумо бидонед, ки кай ва чи тавр ўро бояд истифода бурд.
Шумо ва /ё кўдаки Шумо доимо бояд бо худ автоинжектори адреналинро гирифта гардед. Шумо инчунин метавонед дигаронро низ омўзонед – оиларо, дўстонро, омўзгорон ва васиро – чи тавр бояд онро истифода бурд.
Агар Шумо шуморед, ки кўдак гирифтори аксуламали ҳассосии ҷиддӣ мебошад, назар ба интизор шудан, ворид намудани автоинжектори адреналин бехатар аст!
Ворид накардани автоинжектори адреналин зарарноктар аст назар ба қабул намудани ў, ҳатто агар ў лозим набошад.
Идоракунии анафилаксия
Аз аллерген канорагирӣ кунед
Ба кўдаки Шумо зарур аст, ки аз аллерген, ки анафилаксияро ба вуҷуд меорад, канорагирӣ кунад. Эҳтимол ин мушкил бошад, новобаста аз ин, Шумо метавонед барои ба кўдаки худ кўмак расонидан, корҳои муҳимро иҷро кунед.
Шумо метавонед инро иҷро кунед, агар кўдаки Шумо гирифтори ҳассосии ғизо дошта бошад:
- Ҳамаи тамғаҳои маҳсулотҳоро бихонед.
- Агар берун аз хона хўрокро истеъмол намоед, эҳтиёд шавед.
- Аз ҳаргуна маводҳои хўрока ва ё таҷҳизотҳо барои маводи хўрока, ки эҳтимолан бо аллерген ҳамтамос буданд, канорагирӣ кунед.
- Кўдакро биомўзед, ки бо хўрок мубодила накунад.
Агар кўдаки Шумо ба газидани ҳашаротҳо ҳассосӣ дошта бошад, инро иҷро намудан лозим аст:
- Ба кўдакатон пои луч дар болои алаф гаштанро манъ кунед.
- Аз пўшонидани либоси ҳарранга ба кўдакатон канорагирӣ кунед.
- Бо қадри имкон ба кўдакатон шим ва куртаҳои дастдароз пўшонед.
- Кўдакатонро омўзонед, ки аз зарфҳои кушодаи нўшокиҳои хунук, ки дар ҳавои кушода буданд, нанушад.
Агар кўдаки Шумо ҳассосӣ ба маводи доруворӣ дошта бошад, пеш аз он, ки кўдаки Шумо табобат мегирад ё ин ки ягон маводи дорувориро истифода мебарад, табиби худ, фарматсевт ва ё табиби дандонро огоҳӣ намоед.
Ба мардум хабар диҳед
Муҳим аст, ки шахсони калидӣ ба монанди оила, васиятгарон, муррабияҳо ва мактаби кўдаки Шумо донанд, ки кўдаки Шумо гирифтори ҳассосияти вазнин мебошад.
Табобати маъсуниятноки ҳассосиятро бо мутахассиси бавлияшинос (аллерголог) муҳокима намоед (инчунин десинсибилизатсияро низ).