Ангезиш додани ҳиссиёт

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ашьёҳо аз матоъҳои гуногуни мулоим: абрешим, пашми мулоим, сачоқ, пар. Ашёҳои дорои бӯи гуногун: гул, афлесун, атри форам. Овозҳои табиат.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Таъсир расонидани ангезаҳои гуногун ба фарзанди Шумо ба ӯ дар бораи худ ва инчунин дар бораи ҷаҳони атрофаш маълумоти бештар медиҳад. Ин як машгулияти оддӣ барои ангезиш додани ҳиссиётҳои кӯдаки Шумо дар лаҳзаҳои холӣ дар давоми рӯз аст.

Агар Шумо дар хона бошед, либос ё ашёҳои гуногунро бо хосиятҳои гуногун истифода баред. Дастҳо, пойҳо ва шиками кӯдаки худро бо матоъҳои гуногун навозишкорона молед ва аксуламали ӯро мушоҳида кунед. Агар ӯ ба таври мусбӣ вокуниш нишон диҳад, Шумо метавонед бо навбат бо ашёҳои масолеҳаш гуногунбуда бозӣ кунед.

Ба кӯдак ҳиссиёти аз ҳад зиёд надиҳед, Шумо метавонед ӯро хаста кунед.

Роҳи дигари ангезиш додани ҳиссиёти ӯ ин аст, ки ӯро ба боғ ё чорбоғе бароварда гузоред, ки гулу гиёҳҳои атрофашро бинад ва бӯй кашад.

Ҳангоми анҷом додани ин фаъолият бо фарзанди худ, танҳо ашё ва таркибҳои бехатарро истифода баред.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки кӯдак таҷрибаҳои гуногуни ҳиссиётиро аз сар мегузаронад, ин дар майнаи сари у алоқамандиҳои дахлдорро пайдо мекунад, ва он ба кӯдак барои омӯзиш ва дарк кардани муҳити атроф имкон медиҳад.