Ангуштон
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Аввалан, ба кӯдакатон гап занед, то диққати ӯро ҷалб кунед. Вақте ки кӯдак ба Шумо диққат медиҳад, ба ӯ дар бораи ангуштон қофия гӯед, бо навбат ба ангуштонаш даст расонед ва онҳоро бо нармӣ ҳаракат диҳед. Пас аз чанд вақт, Шумо хоҳед дид, ки худи кӯдак ҳангоми бозӣ ва баъд аз бозӣ ангуштони худро ба ҳаракат медарорад.
Мисол (аз ангушти калон сар карда то ангушти хурд):
Ин чиликам бобоҷон
Ин чиликам бибиҷон
Ин чиликам падарҷон
Ин чиликам модарҷон
Ин чиликам ман
Ҳамаи мо як оила!
Дар хотир доред, ки тамоми ҳаракатҳои Шумо бояд нарм ва боэҳтиёт бошанд, ҳамеша дар назди кӯдак оромона ва бодиққат рафтор кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, то дарк кунад, ки ӯ ангуштҳо ва дастҳо дорад ва онҳоро ҳаракат дода метавонад. Ин ба кӯдак имкон медиҳад, ки назоратро болои мушакҳои дастонаш инкишоф диҳад ва робитаи мусбӣ байни Шумо ва кӯдакатон мустаҳкам мекунад.