Аппендисит
Аппендисит чист?
Аппендисит – ин илтиҳоби курруда мебошад, яъне курруда сурх, варам ва озурда мешавад. Курруда найчаи хурди ба чилик монанд ва аз рўдаи калон қад кашидаро ифода мекунад.
Нишонаҳои аппендисит
Нишонаи асосии аппендисит – дард дар шикам мебошад.
Дар вақти аппендисит дард асосан дар миёни шиками кўдаки Шумо, дар назди ноф оғоз мегардад. Ин дар намуди ларзишҳои/рагкашии суст шуданаш мумкин аст. Дар якчанд соати оянда дард шиддатнок мегардад. Дард аксар вақт дар шиками рости поён, дар болои аппендикс мутамарказ мегардад.
Ба кўдаки Шумо ноқулай мешавад вақто, ки ў ҳаракат мекунад, ки рост шинад ва ё рост роҳ гардад. Дар вақти роҳ гарштан дард шиддатнок мешавад.
Инчунин, дар кўдаки Шумо ҳарорати баланд, қай кардан, ихроҷи холӣ ва ё қабзият, инчунин набудани иштиҳо низ шуданаш мумкин.
Кўдакони синни мактабӣ ва наврасон назар ба кўдакони синни то мактабӣ ва навзодон бештар гирифтори бемории аппендисит мегарданд.
Дар кўдакони хурдсол назар ба наврасон ва калонсолон нишонаҳои аппендисит на он қадар возеҳ аст.
Шумо то ҳатто шояд надонед, ки кўдаки хурдсол дарди шикам дорад.
Оё Шумо бо фарзандатон барои дарди аппендисит ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?
Бале. Агар дар кўдаки Шумо дарди шикам шиддатнок гардад, ба назди мутахассиси тиб ва ё шўъбаи ёрии таъҷилии беморхона муроҷиат намоед.
Агар кўдаки Шумо худро бад ҳис кунад ва то ҳатто дар вақти ҳаракати хурд кардан дард шиддатнок гардад, фавран ўро ба ёрии таъҷилии беморхона баред. Дар ин ҳолат фарёд кардани ёрии таъҷилӣ лозим мегардад.
Доимо хатари кафидани куррудаи илтиҳобшуда ва рехтани чирк ба ковокии шикам вуҷуд дорад. Инро кафидани курруда меноманд. Ин хеле маъмул аст, вале бе табобат он барои ҳаёти инсон хатарнок мебошад.
Муоинаи аппендисит
Баъзан аппендиситро ташхис кардан душвор аст.
Табиби Шумо ва ё табиби шўъбаи ёрии таъҷилӣ метвонад барои рад кардани ташхиси сирояти роҳҳои пешоброн ташхиси пешобро таъин намоянд, инчунин ташхиси хун барои исбот намудани он, ки дар ягон ҷойи бадани ў сироят ва ё илтиҳоб вуҷуд дорад ё не.
Инчунин табиб метавонад ташхиси ултрасадои ковокии шикамро таъин намояд.
Табобати аппендисит
Ҷарроҳии хориҷ намудани куррудаи илтиҳобшуда усули афзалиятноки табобат танҳо дар кўдакон мебошад. Новобаста аз он, ки дар калонсолон намуди сабуки аппендиситро танҳо бо антибиотикҳо табобат кардан мумкин аст, дар кўдакон табобати афзалиятнок ҳанўз ҳам амалиёти ҷарроҳӣ мебошад.
Ду намуди хориҷ намудани курруда вуҷуд дорад:
- Ҷарроҳии сўрохии калид (лапароскопия) – ин дар он ҳолате, ки камера ва воситаҳои махсус ба воситаи се бурришҳои хурд ба қисмҳои гуногини шиками кўдаки Шумо ворид карда мешаванд.
- Ҷарроҳии кушода – дар он ҳолате, ки ба кўдак дар ковокии шикам як бурриши калон мекунанд.
Аз сабаби он, ки курруда вазифаи ҳал намудани хўрокро иҷро намекунад, дар кўдаки Шумо мушкилот намешавад, агар ўро бароранд.
Сабабҳои аппендисит
Мо намедонем, ки боиси аппендисит чи мегардад. Яке аз назарияҳо он аст, ки агар хўрок ва ё наҷосат дар аппендикс дар монад, ин метавонад басташавиро ба вуҷуд орад, пас аз он гирифтори бактерияҳо гардад.
Инчунин аниқ намедонем, ки барои чи дар мо аппендикс вуҷуд дорад ва ё ў дар организми мо чиро бояд иҷро кард. Аппендикс метавонист дар вақти эволютсия ва дар вақти рушди кўдак дар батни модар баъзе вазифаҳоро иҷро кунад.