Асбоби мусиқие, ки бо дастони худ сохта шудааст

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Он чизеро, ки шумо ҳамчун контейнер истифода мебаред, як шиша ё қуттии холӣ ва он чизеро, ки Шумо метавонед ҳамчун пуркунандае истифода баред, ки садо медиҳад: макарони хушк, биринҷ, ғалладона, тугмаҳои кӯҳна, сангреза, баъзе ашё аз як сумка ё киса, исканҷа ва ғайра. Ин бозича аз қисмҳои хурд иборат аст ва аз ин рӯ ҳамеша контейнерро маҳкам пӯшед ва дар бораи бехатарии кӯдак ғамхорӣ кунед.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Як зарфро гирифта, онро хуб шӯед ва хушк кунед. Агар Шумо зарфи шаффоф дошта бошед, онро интихоб кунед, то ин ки фарзанди Шумо чизҳое, ки Шумо дар дохили он мегузоред, дида тавонад. Сипас бозичаро истифода баред, онро ба ҳаракат дароред, то ин ки садо барорад. Бозичаи ҳунарии Шумо омода аст.

Ба фарзандатон бозичаро пешниҳод кунед ва ӯро ташвиқ кунед, ки тамоми хусусиятҳои онро омӯзад - мушоҳида намояд, ки дар дарунаш чӣ аст, вақте ки Шумо онро меҷунбонед ё меларзондаед он чӣ гуна ҳаракат мекунад. Онро ламс кунед,  зер кунед ё ҳама садоҳое, ки он бароварда метавонад, гӯш кунед. Ҳар дафъае, ки фарзанди Шумо бо бозича коре мекунад, ният, натиҷа ё ҳиссиёти ӯро баён кунед, масалан: "Оҳ, дар он ҷо сангрезаҳо ҳастанд!" ё "Ваҳ, мо дар ин ҷой чӣ дорем, донаҳои хурди биринҷ." "Оҳо бин ҳангоми зарбазанӣ ин чӣ гуна садо медиҳад!" ё "Ба ту маъқул ҳаст, ки он чӣ тавр қирс-қирс мекунад."

Шумо метавонед ин фаъолиятро дар вақти холии худ, дар хона, дар боғ ё дигар майдончаҳои кушоди мувофиқ, бо назардошти саломатӣ ва бехатарии фарзандатон истифода баред.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки садоҳо ва хусусиятҳои гуногуни бозичаҳоро тавассути ларзондан, зарба задан, партофтан ва ба ҷузъиёт таваҷҷӯҳ кардан омӯзад. Фарзанди Шумо фаъолона маторикаи хурд ва калонро истифода мебарад.