Ашёи тахаюлиро медиҳем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи хуш!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки дар давра нишинанд. Сипас тасаввур кунед, ки Шумо ягон ашёро гирифта онро муддате дар дастатон нигоҳ доштаед (барои нишон додани он ки ашё чист ва чӣ гуна бозӣ кардан лозим аст). Шумо метавонед ашёҳои дилхоҳатонро интихоб кунед - саққои теннис, чойник, ананас, шона ё гурба.
Пеш аз додани ашёи тахаюлӣ ба бозингар, ба кӯдакон бигӯед, ки ашёи тахаюлотии Шумо чист. Бозингар бояд пеш аз он ки онро ба бозингари дар наздаш буда диҳад, ашёро муддати 20 сония ё камтар аз он дар дасташ нигоҳ дорад.
Аз ҳар як бозингар хоҳиш кунед, ки дар бораи ашёи тасаввуротӣ сухани нав, ба мисли "ин воқеан вазнин аст", "ин гарм аст" ё "ин хордор аст". Дар баробари ин, ҳар касе, ки ашёи тасаввуротиро ба даст мегирад, бояд ба тавсифи шунидашуда ҷавоб диҳад.
Бо мақсади воқеан барангехтани тахайюлоти кӯдаконро, ки ашёи тасаввуротиро ба дасташон гирифта тасаввур мекунанд, доираи васеи ашёҳои тасаввуротӣ - аз санги вазнин то шабпаракҳои парвозкунандаро истифода баред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин амал ба кӯдакон имкон медиҳад, ки тасаввуроти худро истифода баранд ва захираи луғавии худро васеъ намоянд. Бозии мазкур босуръат ва шавқовар буда онро дар ҳама ҷо бозӣ кардан мумкин аст ва он инчунин ба ташаккули малакаҳои кори дастаҷамъона ва баланд бардоштани эътимод нисбат ба худ мусоидат мекунад.