Ашёҳоро меомӯзем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табақи картонӣ, пластикӣ ё алюминӣ; тӯб ё бозичаҳо ба андозаи кафи кӯдак; скотч. 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз ҳама ҷоеро барои бозӣ омода кунед. Кӯдакро дар курсии баланди кӯдакона шинонед.

Бозичаҳоро ба картон ё табақ бо ёрии скотч часпонед, баъд кӯдаки худро шинонед ва табақ ё картонро дар пеши ӯ ҷойгир кунед. Бигзор вай бозичаҳоро аз назар гузаронад ва яке аз онҳоро бо дасташ гирад. Шумо метавонед нишон диҳед, ки чӣ кор кардан лозим аст, то ки ӯ пас аз Шумо такрор кунад. Агар кӯдак мустақилона бозичаро аз табақ канда натавонад, ба ӯ кӯмак кунед (ва ҳатман скотчи боқимондаро аз бозича гиред).

Фаромӯш накунед, ки кӯдакро рӯҳбаланд кунед ва ҳар дафъае, ки ӯ бозичаро ба даст мегирад ё вақте ки кӯшиш мекунад, ки онро канад, шодӣ кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин бозӣ кӯдак мушакҳои дастҳоро мустаҳкам мекунад ва ҳамоҳангсозии ҳаракатҳоро инкишоф медиҳад.