Ашёҳоро мепартоем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қуттӣ, сатил ё тағора; ашёҳои гуногунҳаҷм.

Бози аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғози бозӣ ҳатман барои бозӣ бо кӯдакатон ҷой омода кунед - дар хотир доред, ки ҷои омоданамудаи Шумо бояд бароҳат ва бехатар бошад. Фарзандатонро дар курсӣ, дар рӯи фарш дар болои қолин ё курпаи мулоим шинонед.

Аввал ба ӯ ашёҳоро нишон диҳед ва бигзор ӯ ҳамаи ашёҳоро санҷад ва сипас ба кӯдакатон нишон диҳед, ки он ашёҳоро ба як тағора ё ягон қуттии дигар партофтан мумкин аст.

Агар аз тағора берун афтад, Шумо тааҷҷуби худро зоҳир кунед ва ба кӯдак нишон диҳед, ки ин ҳам ҷолиби диққат аст.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии бозии мазкур Шумо ба фарзандатон дар инкишофи ҳамоҳангсозии фаъолияти дасту чашмонаш кӯмак менамоед ва фарзандатон ҳангоми ба даст гирифта ба қуттӣ партофтани ашёҳои гуногун бо онҳо шинос мешавад.