Астма: аломатҳо

Нафаскашии ҳуштакмонанд, сулфа ва нафаскашии душвор метавонад аломатҳои астма бошанд. Аломатҳои астма одатан шабона ва пас аз машқҳои ҷисмонӣ бештар мешаванд. Сулфаи ҳангоми нафастангӣ (астма) метавонад аз сабук то шадид бошад.
Body

Аломатҳои астма: хиррос

Хиррос ҳангоми нафастангӣ метавонад аз сабук то вазнин бошад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин ҳолат ба ҳуштакзанӣ монандӣ дорад.

Баъзан шумо метавонед ба осонӣ хирроси кӯдакро бишнавед, одатан ҳангоми нафасбарорӣ.

Нафаскашии ҳуштакмонанд дар астма одатан субҳ ё шаб бештар аст, вақте ки ҳаво хунуктар мешавад. Дар дигар ҳолат шумо метавонед хирроси кӯдакро пас аз иҷрои машқи ҷисмонӣ шунавед.

Баъзан, ба назар чунин мерасад, ки кӯдаки шумо муқаррарӣ ва оромона нафас мекашад, аммо табиб метавонад аломатҳои тангшавии роҳи нафасро бо гӯш кардани қафаси синаи кӯдаки шумо бо стетоскоп шунавад.

Аломатҳои астма: сулфа

Сулфаи нафастангӣ метавонад аз сабук то шадид бошад.

Эҳтимоли зиёд аст, ки шумо сулфаро шабона, пас аз машқи ҷисмонӣ кардани фарзандатон ё дар ҳолати хунук шудани ҳаво метавонед шунавед.

Баъзан фарзанди шумо метавонад шабона аз сабаби сулфа аз хоб бедор шавад. Баъзан сулфа, хусусан шабона, ягона аломатест, ки кӯдаки шумо нафастангӣ дорад.

Сулфа инчунин метавонад фарзанди шуморо аз варзиш ё дигар машқҳои ҷисмониро дар мактаб боздорад. Баъзан барои фарзанди шумо сухан гуфтан душвор буда метавонад, зеро барои як ҷумларо то охир гуфтан ӯ бояд бори дигар нафас кашад.

Шиддат ва пайдарпаии аломатҳои нафастангӣ аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Баъзе кӯдакон ҳангоми шамолкашӣ дар як сол танҳо якчанд маротиба сулфа ё хиррос мешаванд, дар ҳоле ки дигарон (миқдори кам) метавонанд ҳар рӯз баъзе нишонаҳои нафастангӣ дошта бошанд.

Кай оид ба нишонаҳои астма бояд ба духтур муроҷиат кард

Кӯдаки шумо бояд ба духтур муроҷиат кунад, агар:

  • хиррос, сулфа ё тангии нафасаш нигоҳ дошта шуда, ҳолаташ бадтар мешавад  бо вуҷуди он, ки доруворӣ дода истодаед;
  • ба ӯ лозим меояд, ки ингаляторро беш аз ҳар 6 соат истифода барад;
  • 2-6 вояи ингалятор барои зуд шифо ёфтан кӯмак намекунад;
  • ӯ наметавонад ба таври муқаррарӣ ба варзиш машғул шавад ё бозӣ кунад, ва ё дигар кӯдаконро ҳамроҳӣ карда тавонад;
  • хоби ӯ аз сабаби сулфа ва хиррос ба таври назаррас вайрон мешавад;
  • вай бояд бештар ингаляторро истифода барад, ва ё аломатҳояш дигар шудаанд;
  • кӯдаки шумо баробари бедор шудан ба дору ниёз дорад, ё пас аз наҳорӣ кӯдакатон интизор шуда наметавонад;
  • шумо нақшаи аниқи назорат ва табобати нафастангии фарзандатонро надоред.

Духтури фарзанди шумо бодиққат, то чи андоза ҷиддӣ будани нишонаҳо ва зудии пайдоиши онҳоро меомӯзад, зеро нақшаи назорат ва табобати нафастангии кӯдаки шумо аз ин омилҳо вобаста хоҳад буд.

Духтури шумо бояд мунтазам нақшаи назорат ва табобати нафастангии кӯдаки шуморо аз назар гузаронад.