Астма: сабабҳо
Астма чист?
Кӯдаконе ки гирифтори астма ҳастанд, дорои илтиҳоби роҳҳои нафаси хурди (бронхҳо) шушҳо мебошанд. Ин роҳҳои нафаскашии онҳоро нисбати ангезаҳо (триггер) ҳассоснок мекунад Ангезаҳо - боиси хурӯҷи астма мегардад. Вақте ки кӯдакон бо ангезаҳо дар тамос мешаванд, мушакҳои роҳҳои нафаскашиашон фишурда мешаванд.
Ҳангоме, ки ин рух медиҳад, кӯдакон бо мушкилии ба шуш дохил шудани ҳаво ва берун шудани он дучор мешаванд. Ин ҳолат хиррос, сулфа, нафастангӣ дар қафаси сина ва нафаскашии нороҳатро ба амал меорад.
Сабабҳои астма (нафастангӣ): ирсият, индукторҳо ва ангезаҳо
Ба кӯдаконе, ки гирифтори астма ҳастанд, шояд генҳои волидонашон гузашта боиси он мегардад, ки онҳо низ ба бемории астма дучор мешаванд. Инро моилияти (майли) генетикӣ меноманд.
Агар шумо, волиди дуюм ва ё дигар аъзоёни оила гирифтори нафастангӣ, экзема, табларзаи хасбеда ва ё аллергия дошта бошанд, эҳтимолан фарзанди шумо низ метавонад астма дошта бошад.
Ангезандаҳои астма (нафастангӣ): Ангезаи маъмултарин сирояти вирусӣ, одатан шамолкашӣ мебошад. Дигар ангезандаҳо: гарди гул, машқҳои ҷисмонӣ, таъғирёбии обу ҳаво, ҳавои сард, дуди тамоку, ифлосшавии муҳити атроф, канаи чанги хона ва ҳайвонҳои хонагӣ.
Кӯдакони гирифтори астма ба ангезандаҳои астма бо хиррос, сулфа ва нафастангӣ ҷавоб медиҳанд.
Таъсири дуди тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ ё нафаскашии пассиви дуди тамоку дар айёми кӯдакӣ дар кӯдаконе, ки моилияти геенетикиро ба ин беморӣ доранд, метавонад ба астма оварда расонад
Санҷиши астма (нафастангӣ)
Аксари кӯдакон ба санҷишҳои махсус барои астма (нафастангӣ) ниёз надоранд. Табибон одатан нафастангиро дар асоси таърихи беморӣ ва муоинаи фарзанди шумо ташхис мекунанд.
Кӯдакони гирифтори нафастангии шадид ё хурӯҷи нафастангии пайдарпай метавонанд ба озмоишҳои махсуси нафаскашӣ ва дар ҳолатҳои хеле кам рентген ниёз дошта бошанд. Онҳоро аксар вақт педиатр мегузаронад.
Кӯдакони калоне, ки нафастангии такрорӣ доранд, ба спирометрия, таҷҳизоте ниёз доранд, ки дохил ва хориҷ шудани ҷараёни ҳаворо аз шуш чен мекунанд. Духтурон инчунин метавонанд фарзанди шуморо барои ташхиси аллергия ба назди мутахассис аллерголог фиристонанд.