Астма: табобат ва идоракунӣ

Мақсадҳои асосии табобат ва идоракунии астма (нафастангӣ): 1. Барои табобати самараноки хурӯҷи шадиди нафастангӣ. 2. Пешгирии хурӯҷи нафастангӣ, то ки кӯдакатон ҳаёти муқарарӣ дошта бошад. Муолиҷаи пешгирикунанда ҳамчунин барои кам кардани вазнинӣ ва давомнокии хурӯҷҳо, ки ба вуҷуд меоянд, равона карда шудааст.
Body

Табобати астма (нафастангӣ): нақшаи амалиётҳои фаврӣ

Агар фарзанди шумо нафастангӣ дошта бошад, новобаста аз он ки нишонаҳо то чӣ андоза сабук ё вазнинанд, барои шумо нақшаи амалиётҳо дар ҳолатҳои таъҷилӣ лозим аст.

Хурӯҷи вазнини нафастангӣ
Дар ҳолате, ки кӯдакатон хурӯҷи вазнини  нафастангӣ дорад, корҳои зеринро бояд анҷом дод:

  1. Ором бошед ва кӯдакатонро шинонед.
  2. Барои кӯдакони 0-5 сола, аз ингалятор (одатан ранги кабуд) тавассути спейсер 2-6 дорупошии алоҳида диҳед. Барои ҳар як вояи дору, фарзанди шумо бояд чортогӣ нафаси чуқур кашад, пеш аз он ки шумо дорупошии ояндаро мекунед.
  3. Барои кӯдакони шашсола ва калонтар 4-12 маротиба алоҳида бе ингалятор нафас дароред. Барои ҳар як вояи дору, фарзанди шумо бояд пеш аз пошидани ояндаи дору  чор нафаси чуқур кашад.
  4. Тақрибан 4 дақиқа интизор шавед. Агар ҳолат беҳтар нашавад ё ночиз аст, қадамҳои 2 ва ё 3 дар боло зикргардидаро такрор намоед.
  5. Агар пас аз чор дақиқа беҳбудиҳо кам ё тамоман вуҷуд надошта бошанд, ба ёрии таъҷилӣ занг занед ва гӯед, ки фарзанди шумо хурӯҷи нафастангӣ дорад. Дар давоми интизории мошини ёрии таъҷилӣ, ба фарзандатон бо воситаи зерпӯш (прокладка) аз ингалятор дорупошӣ кунед. Чор дақиқа интизор шавед ва баъдан такрор кунед ва  то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ин ҳолатро такрор кунед.

Авҷгирии нафастангӣ
Авҷи нафастангӣ дар ҳамон лаҳза ба амал меояд, вақте ки фарзанди шумо аломатҳои сабуки астма, аз қабили сулфа, хиррос, нафастангии сабук дошта бошад. Агар фарзанди шумо ин аломатҳоро эҳсос кунад, шумо бояд амалҳои зеринро иҷро кунед.

  1. Ором бошед ва кӯдакатонро шинонед.
  2. Барои кӯдакатон 2-4 нафаскашии алоҳида аз ингалятор (одатан ранги кабуд) тавассути зерпӯш иҷро кунед. Барои ҳар як кашиши дору кӯдаки шумо бояд чор нафаси чуқур тавассути спейсер кашад , пеш аз он ки шумо кашиши ояндаро амалӣ намоед.
  3. Чор дақиқа интизор шавед. Агар аломатҳо беҳтар нашаванд, қадамҳои 1-3 ро такрор намоед.
  4. Агар аломатҳо гум нашаванд, ба ёрии таъҷилӣ занг занед ва хабардор кунед, ки фарзанди шумо хурӯҷи нафастангӣ дорад.
  5. Агар аломатҳо беҳтар шаванд, дар давоми рӯз кӯдакатонро мушоҳида намоед, то ки ҳолат вазнин нашавад. Агар аломатҳо такрор шаванд, қадамҳои 1-3 ро такрор кунед.

Агар ба кӯдаки шумо, барои беҳтар намудани ҳолати ӯ дар давоми рӯз дору зиёда аз ҳар як  4-6 соат лозим бошад, ба духтур муроҷиат намудан зарур аст.

Категорияҳои клиникии нафастангӣ

Кӯдакони гирифтори нафастангӣ метавонанд мувофиқи се категорияи клиникӣ гурӯҳбандӣ ва табобат карда шаванд:

Нафастангии фосилааш дур-дур

Аломатҳои ин навъи астма дар як сол чанд маротиба рух медиҳанд, ки одатан бар асари шамолкашӣ ё дигар сирояти вирусӣ ба амал меоянд. Вай метавонад дар давоми якчанд рӯз хиррос занад ё сулфа кунад, вақте ки ҳолати ӯ авҷ мегирад ба муолиҷа зуд вокуниш нишон медиҳад, аммо дар байни хурӯҷҳои нафастангӣ ё авҷгирӣ  вай одатан саломатии хуб дорад ва зиндагии муқаррарии бидуни нишонаҳои нафастангиро дорад.

Кӯдакони дорои нафастангии дур-дури фосилавӣ  одатан танҳо ҳангоми хурӯҷи шадиди нафастангӣ ба табобат ниёз доранд. Ба онҳо одатан лозим нест, ки дар байни хурӯҷҳо ягон дору истифода баранд. Аксари кӯдакони гирифтори нафастангӣ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.

Нафастангии фосилааш зуд-зуд
Кӯдакони дорои ин навъи нафастангӣ дар давоми сол якчанд хурӯҷҳои шадид доранд, то ҳадди ақал ҳар як шаш ҳафта.

Дар ҳолате, ки кӯдаки шумо дорои нафастангии фосилааш зуд-зуд бошад, ӯ метавонад сулфаи фосилавӣ ва ё хиррос аз сабаби иҷрои машқҳои ҷисмонӣ дошта бошад.

Барои баъзе кӯдакони дорои нафастангии фосилааш зуд,  истифодаи ҳаррӯзаи доруҳои пешгирикунандаи хурӯҷҳои шадид лозим меояд.

Нафастангии доимӣ
Ин гурӯҳи хурди кӯдакони гирифтори нафастангӣ мебошад. Агар фарзанди шумо нафастангии доимӣ дошта бошад, аломатҳои он ҳадди аққал як маротиба дар як ҳафта пайдо мешаванд. Ин аломатҳо метавонанд рӯзона ва ё шабона пайдо шаванд.

Барои кӯдаконе, ки дорои нафастангии доимӣ ҳастанд ҳаррӯза истифода бурдани  якчанд доруҳои пешгирикунанда лозим меояд.

Маводҳои пешгирӣ ва назорати нафастангӣ 

Доруҳои нафастангиро ба категорияҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  • маводҳое, ки табобат мекунанд ва нишонаҳои нафастангиро беҳтар мекунанд;
  • пешгиркунандагони (превенторы) хурӯҷҳои шадид;
  • контроллерҳо, ки сарфи назар аз истифодаи воситаҳои ёрирасон ва пешгиркунанда барои нафастангии идоранашаванда истифода бурда мешаванд.

Баъзе кӯдакон як, ду ва ҳатто се намуди ин доруҳоро истифода мебаранд. Духтури шумо ба шумо тавсия медиҳад, ки кадом доруҳоро беҳтар аст, ки кӯдакатон истифода барад.

Вобаста ба талаботи кӯдаки шумо ва дараҷаи нафастангӣ  усулҳои гуногуни  истифода бурдани доруҳо вуҷуд доранд: нафаскашӣ,истифодаи маҳлулҳо, дору ва ё хока, сӯзандору.

Беҳтаркунӣ
Зидди (агонисты) бета-2, ба монанди сальбутамол (Ventolin®, Asmol®) ва тербуталин (Bricanyl®. Брикалин®, Тербулин®) – доруҳое, ки бештар барои табобати нишонаҳои шадиди нафастангӣ истифода бурда мешаванд. Ин маводҳо барои суст кардани роҳҳои тангшудаи нафас ва осон намудани гузариши ҳаво мусоидат мекунанд.

Стероидҳо (преднизолон) бештар дар аввал ҳангоми хурӯҷҳои шадид барои паст кардани илтиҳоби шадид таъин карда мешаванд. Он варами пардаи луобии роҳҳои нафасро кам менамояд.

Пешгирикунанда (Превенторы)
Доруҳои пешгирикунандаи нафастангӣ бисер муҳиманд. Онҳо ё таъсири илтиҳобро дар роҳҳои нафас кам мекунанд (ки сабаби асосии нафастангӣ мебошад) ё омилҳое, ки боиси илтиҳоб мешаванд, кам мекунад.

Ба маводҳои пешгирикунандаи нафастангӣ дохил мешаванд:

  • стероидҳо, ба монанди беклометазон (Qvar®), будесонид (Pulmicort®. Будикорт®), флутиказон (Фликсотид®) ва циклесонид (Альвеско®)
  • доруҳои стероидии ҳабӣ ва  хока (преднизолон), ки кӯдакон ба дарун қабул мекунанд
  • монтелукаст (Singulair®), ки дар шакли ҳаб аст ва як алтернатива ба кортикостероидҳо мебошад.

Кӯдаконе, ки ба онҳо доруҳои пешгирикунанда таъин карда шудаанд, бояд ҳар рӯз онҳоро истифода баранд. Кӯдаки шумо  пас аз истифода бурдани ингаляторӣ стероидӣ барои пешгирии бемории замбуруғии даҳон (оральная молочница), бояд даҳонашро чайқонад.               

Стероидҳои нафаскашӣ (ингалятсионӣ), ки бо миқдори муқаррари қабул карда мешаванд, таъсири дуюмдараҷа хеле кам доранд. Онхо таъсироти манфии дуюмдараҷа, вобаста ба истифодаи дарозмуддати стероидҳоро ба дарун надоранд.

Назоратчиён (контроллеры)
Агар нафастангии фарзанди шумо бо доруҳои пешгирикунанда идора карда нашавад ва кӯдаки шумо аз 5 сола боло бошад, духтур метавонад маводҳои назораткунандаи аломатҳоро муқаррар намояд.

Ин маводҳо нусхаи зидди (агонистҳои) бета-2 таъсири дарозмуддатдошта мебошанд, ки онҳо ба суст кардани роҳҳои тангшудаи нафас ва осон кардани гузариши ҳаво мусоидат мекунанд.

Намунаҳо маводҳои Serevent® (салметерол) ва Foradil® (формотерол) мебошанд. Ин маводҳоро танҳо якчоя бо маводи пешгирикунанда бояд истифода бурд. Маводҳои ҳамвобаст, ба монанди Серетид® (дар дохилаш салметерол ва флутиказон дорад), Симбикорт® (дар дохилаш будесонид ва формотерол) ва BreoEllipta® (дар дохилаш флуктазон ва вилантерол), ин мушкилотро беҳтар хоҳанд кард.

Пешгирии нафастангӣ: чӣ тавр ангезишро пешгирӣ намуд

Кӯдаки шумо бояд аз ҷои тамокукашӣ, аз ҳайвонҳое, ки аз онҳо аллергия дорад, худдорӣ намуда дурӣ ҷӯяд. Агар фарзанди шумо аз пари ғоз ранҷ кашад ё ба он аллергия дошта бошад, пас ба ӯ беҳтар мешавад, ки болишт ва бистаре, ки аз маводи бе аллерген аст, истифода бурда шавад. Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки фарзанди шумо аллергия нисбат ба канаи чанг дошта бошад, ба шумо лозим меояд, ки қолинҳои хонаро дур кунед, то ҳадди аққал чанги хонаро кам намуда онро дар тозагӣ нигоҳ доред.

Дар бораи он ки чӣ гуна бояд тавозунро байни чорабиниҳои пешгирикунанда  ва зарурати маҳдуд кардан ё ворид намудани  тағироти куллӣ дар шароити зиндагии ҳамаи оила андеша кунем, фикр кардан ҷоиз аст. Шояд ба шумо лозим намеояд, ки тағироти калон ворид кунед, агар фарзанди шумо танҳо нишонаҳои сабук дошта бошад.

Мафҳуми табобати нафастангӣ

Нақшаҳои назорат ва идоракунии нафастангӣ
Ин нақшаҳо дарбар мегиранд:

  • донистани омилҳое, ки боиси аломатҳои нафастангии кӯдаки шумо мегардад
  • фаҳмидани тарзи истифодаи доруҳои нафастангӣ – чӣ қадар, чанд маротиба ва тарзи дурусти истифодаи ингалятор
  • донистани амалҳои иҷрошаванда, агар нишонаҳои ҳолати фарзандатон бадтар шаванд ва  ҳамчунин дар ҳолати таъҷилӣ чи бояд кард, агар доруҳое, ки одатан кӯдакатон истеъмол мекунад, таъсир накунанд
  • Омӯхтани тарзи истифодаи  ингалятор хеле муҳим аст.

Маводҳои доруворӣ

Доруҳо барои нафастангӣ одатан хеле бехатар мебошанд, хусусан доруҳои ба таври нафаскашӣ истифодашаванда. Кӯдакон одатан аз сабаби истеъмоли ками доруворӣ аз нафастангӣ ба мушкилӣ дучор мешаванд, на аз сабаби он ки онҳоро зиёд истеъмол мекунанд.

Агар шумо фикр мекунед, ки  доруҳо ба кӯдаки шумо таъсири манфии дуюмдараҷа доранд ба духтуратон муроҷиат намоед.

Ҳаёт бо нафастангӣ

Аксари кӯдакони гирифтори нафастангӣ ҳаёти муқарариро мебаранд.

Кӯдакро ба варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ ташвиқ карданро давом диҳед. Барои фарзанди шумо қабл аз машқ кардан истеъмоли доруҳои седативӣ муфид метвон буд, то хиррос ё сулфа пешгирӣ карда шавад.

Агар фарзанди шумо хурӯҷҳои зуд-зуд дошта бошад ё нишонаҳо ӯро аз варзиш ва машқ кардан, шабона хобидан ва ё эҳсоси солим буданро бозмедоранд, шояд ки ӯ ба қадри кофӣ табобат намгирад ё дору истеъмол намекунад. Дар ин бора бо духтури худ сӯҳбат кунед, то дар сурати лозима табобатро тағир диҳад.

Кӯдакони гирифтори нафастангӣ на ҳама вақт дар бораи вазнинии аломатҳои худ мулоҳиза карда метавонанд - онҳо аксар вақт мегӯянд, ки худро хуб ҳис мекунанд, ҳатто агар нафастангии онҳо суст назорат ва идора карда шавад. Аломатҳои кӯдаки худро назорат кунед ва агар шумо ягон мушкилот дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед.