Аввалин бозичаи шақ - шақаи ман
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаи шақ – шақа, болишт ё курсии кӯдакона.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Кӯдакон сурудҳоро дӯст медоранд, зеро онҳо роҳи шавқовари шиносоӣ бо ҷаҳони садоҳо ва забон мебошанд. Бо иҷрои ин машғулият, Шумо ба фарзандатон кӯмак мерасонед, то ки бо садоҳои муҳити атроф шинос шавад ва омӯзад.
Пеш аз ҳама барои кӯдакатон ҷой омода кунед, ки дар он ҷо бозӣ мекунад. Ҳама чизҳоеро, ки метавонанд ба бозӣ кардан халал расонанд, хориҷ кунед. Барои оғоз кардан, ба Шумо лозим аст, ки бозичаи шақ-шақаи кӯдакатонро дар даст дошта бошед.
Акнун фарзанди худро ба ҷои мулоим ё дар курсии кӯдакона гузоред. Бозичаро дар назди кӯдак нигоҳ доред ва оҳиста ларзонед. Эҳтиёт бошед, ки бозичаи шақ-шақаро сахт наҷунбонед, то ки кӯдак натарсад.
Бозичаро такон диҳед, ва суруд хонед.
Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдаки Шумо ба бозича менигарад, оё он диққати кӯдакатонро ҷалб мекунад. Агар ҳа, бозичаро ба як сӯ гузоред ва сурудро дубора хонед, то ки фарзандатон сарашро ба сӯи бозича гардонад.
Ҷунбондани бозичаро дар ҷойҳои гуногуни хона давом диҳед ва чи гуна кӯдаки Шумо ба садои бозича таваҷҷӯҳ мекунад мушоҳида кунед. Эҳтиёт кунед, ки бозичаро дар ҷойҳое, ки ба гардани сари кӯдак хатар эҷод мекунад, садо накунед.
Агар Шумо ҳис кунед, ки фарзандатон шавқманд ва омода аст, метавонед бозичаи шақ-шақаро ба дасти кӯдак диҳед, то ки гирифта онро омӯзад. Дар ҳоле ки фарзандатон бозӣ мекунад, Шумо метавонед суруд хонед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Мағзи сари кӯдак ба туфайли маълумот ва итилооте, ки аз муҳити атроф мегирад, инкишоф меёбад ва меафзояд. Таъсироти садоҳои гуногун ба ӯ кӯмак мерасонад, ки овозҳоро муайян кунад, шиносад, фарқ кунад ки овоз аз куҷо меояд, инчунин ҳаракат додани гардан ва сарашро низ кӯмак мекунад.