Аввалин навиштаҳои ман

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Варақи коғаз, лавозимот барои расмкашӣ ё навиштан (қалам, мелок).

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол аксари кӯдакон қодир нестанд, ки ягон чизи «воқеӣ»-ро кашанд, вале онҳо воқеан аз кашидан дар рӯи коғаз ва гузоштани хатҳо лаззат мебаранд. Кӯдаки Шумо метавонист кӯшишҳои аввалинро чанд моҳ пеш оғоз кунад; дар ин бобат уро фаъолона дастгирӣ карда метавонед. Ба фарзандатон барои ин кор вақти кофӣ диҳед. Танҳо як варақи калони коғаз ва тамоми лавозимоти рассомиро дар рӯи ҳамворӣ гузоред. Эҳтимол ки фарзанди Шумо қалами ранга ба даст гирифта, дар варақи коғаз кашиданро задан оғоз мекунад. Агар кӯдак қаблан ин корро карда бошад, эҳтимол вай хеле зуд ба он одат мекунад.

Ба фарзандатон имконият диҳед, ки ҳама лавозимоти расмиро тавре ки мехоҳанд, истифода баранд. Шумо метавонед он чизеро, ки мебинед, бигӯед: «Бубин, киту бо ин қалам чӣ қадар расм кашиди. Дар ин ҷо ту як давраи калон дори ва дар он ҷо бошад хати дарози дароз аст!”. Шумо метавонед баъзе аз «расмҳо»-и фарзандатонро тавре овезон кунед, ки  онҳоро тамоми аҳли оила бубинанд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин таҷриба - қадамҳои аввалин дар роҳи расмкашӣ ва навиштан аст. Фарзанди Шумо мушакҳои хурдро дар ангуштон ва дастҳояш беҳтар назорат мекунад. Вай инчунин дар байни он чизе, ки фикр мекунад (хатти дарози дароз кашидан) ва он чизе, ки ангуштонаш иҷро мекунанд, барқарор кардани робитаро оғоз мекунад. Илова бар ин, Шумо ба инкишофи нутқи ӯ тавассути суханоне, ки фарзанди Шумо чӣ кор мекунад, ҳавасманд мегардонед.