Ин аз кӣ аст?

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Дилхоҳ ашёҳои на он қадар калон

Машғулият аз чӣ иборат аст: Ҷойи бароҳате барои бозӣ пайдо кунед. Гӯед: "Биё бозӣ кунем! Ба ана ин  [ашё, масалан тӯби хурд]". Тӯбро ба кӯдак диҳед. Акнун бигӯед: “Акнун ин тӯб [номи фарзанди шумо]. Ӯ аз они туст!" Сипас бигӯед, ки [номи кӯдак], лутфан тӯбро ба модараш те. Ташаккур! Ҳоло ин тӯби модар аст - ин аз ман аст! Ҳавола кардани ашёро ба пеш ва пас идома диҳед, мубодиларо шавқовар гардонед ва калимаҳои "азони ман" ва "азони ту" –ро бо истифода аз номи кӯдак ва номи худатон анҷом диҳед. Ин танҳо як бозии ҷолиб аст, на дарс. Аз вақтгузаронӣ бо фарзандатон ҳаловат баред.

Дар дигар вақтҳо дар давоми рӯз, фаромӯш накунед, ки калимаҳои зеринро истифода баред, ба монанди "аз они ман, аз они ту ва ғайра", инчунин "дар, зери, дар болои" ва калимаҳои шабеҳ ҳангоми гузоштан ё гирифтани ашё: "Курпаи ту дар куҷост? Оҳ, он дар зери миз аст. Метавони онро бигири?".

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин синну сол малакаҳои забонии фарзанди Шумо босуръат рушд мекунанд. Калимаҳое, ки мансубият (аз они ман) ва мавқеъро (дар поён) тавсиф мекунанд, воситаи муҳими ифодаи фаҳмишаш дар бораи ҷаҳон мебошанд. Фаъолиятҳои ҳаррӯза ва бозиҳои оддӣ ба монанди ин машғулият, хондани китобҳо ва гуфтугӯҳои ҳаррӯза ба рушди забон ва малакаи муоширати фарзандатон мусоидат мекунанд.