Аз паи тӯб пайгирӣ намо
Чӣ ба шумо лозим мешавад: Тӯб, кӯрпа
Машғулият аз чӣ иборат аст: Барои ин фаъолияти аҷиб, ба Шумо лозим меояд, ки пешакӣ дар бораи он фикр намоед, ки машғулиятро дар куҷо мегузаронед. Хуҷраеро интихоб намоед, ки ягон чизе таваҷҷуҳи фарзанди Шуморо халадор насозад, кӯрпаро ба фарш ё кати калон партоед. Баъд кӯдакро ба шикам тавре гузоред, ки ӯ дар кӯрпа дароз кашад. Дар назди ӯ дар фосилаи муайян шинед, пойҳоятонро тавре гузоред, ки онҳо аз ду тарафи кӯдак ҷойгир шуда бошад.
Бо фарзандатон сӯҳбат кунед, то ин ки диққати ӯро ҷалб кунед ва вақте ки ӯ ба шумо менигарад, тӯбро гирифта, ба ӯ нишон диҳед ва ба замин гузоред. Тӯбро оҳиста аз паҳлӯ ба паҳлӯ давр занонед, то кӯдак тӯбро бо чашмони худ пайгирӣ кунад. Ин машғулиятро панҷ дақиқа ё то он вақте ки хасташавии фаразандатонро пай набаред, идома диҳед. Агар ӯ то ҳол сарашро баланд карда натавонад, тӯбро ба ӯ нишон дода, аз замин каме бардошта, онро танҳо ба боло ва поён ҳаракат диҳед. Пас аз муддате, мушакҳои кӯдак қавӣ хоҳанд шуд, то ин ки ӯ сарашро бардошта назорат кунад, ҳоло бошад бигзор тӯбро бо чашмаш пайгирӣ кунад.
Дар баробари ин фарзанди шумо чиро меомӯзад: Он мушакҳои фарзанди Шуморо қавӣ мегардонад, дар як вақт қувваи босираи ӯро инкишоф дода, малакаи пайгирӣ намудани объектҳои ҳаракаткунандаро бо нигоҳаш низ инкишоф медиҳад, ки ин малакаи ҳатмӣ барои ҳамоҳангсозии босиравию моторикӣ мебошад ва он барои хондан ва навиштан дар оянда зарур аст.