Аз паси тӯб медавем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Тубчаи мулоим (беҳтараш латтагӣ); ду курпаи нарм.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар аввал ду курпаро дар фарш ё сатҳи ҳамвор паҳн кунед. Кӯдаки худро рӯйи кӯрпа шинонед ва дар пеши ӯ дар масофаи бехатар истед.
Ба кӯдакатон нишон диҳед, ки чӣ тавр Шумо тӯбчаро меқапед ва сипас тӯбчаро бодиққат ба сӯйи кӯдакатон ғелонед. Бигзор ӯ кӯшиш намояд, ки ба тӯбча зарба занад, то ки он баргашта ба сӯйи Шумо равад. Вақте ки кӯдаки Шумо тӯбро меғелонад ва бо чашмонаш рафтани онро назорат мекунад, он ба рушди малакаҳои моторӣ ва дарки визуалӣ мусоидат мекунад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машқ, ки дар раванди он кӯдак кӯшиш мекунад, ки мувозинаташро нигоҳ дошта тӯбро ғелонад, ба фарзанди Шумо дар мустаҳкам кардани мушакҳо, ҳамоҳангсозии дасту чашм ва дарки визуалӣ кӯмак мерасонад.