Аз рӯи қоидаҳои кӯдак бозӣ мекунем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Он чизе, ки кӯдак ба ӯ таваҷҷӯҳ дорад.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Шумо бояд ба чизе диққат диҳед, ки фарзанди Шумо ҳоло ба он таваҷҷӯҳ дорад. Он метавонад бозича ё дар кӯча - парранда ё мошини оташхомӯшкунӣ бошад, он метавонад чизе аз хӯрокҳои рӯи миз ё ягон намуди ашёи рӯзгор бошад.

Диққат диҳед, ки фарзанди Шумо ҳоло ба чӣ таваҷҷӯҳ дорад. Ин метавонад чизе бошад, ки бо он бозӣ кардан мумкин аст, ба монанди тӯб, ё ягон амал, ба монанди ҷаҳидан аз кӯлмакҳо: "Аааа, тӯб ба ту писанд омад!" Аз фарзандатон пурсед, ки оё ӯ мехоҳад, ки Шумо низ иштирок кунед ва дастурҳои ӯро риоя кунед. Агар кӯдак тӯбро ба Шумо партояд, онро дошта ба вай партоед. Муҳим нест, ки оё Шумо то охир хуб бозӣ кардаед ва оё ҳама чиз хуб гузашт ё не. Бозии кӯдакро халалдор насозед ва кӯшиш накунед ҷараёни табиии бозиро ки кӯдак фикр кардааст тағйир диҳед. Агар он бехатар бошад, бигзор кӯдак роҳбарӣ кунад ва Шумо дастурҳои ӯро иҷро кунед. Гуфтан ва шарҳ додани он чизеро ки Шумо карда истодаед хеле муфид аст - масалан, "Ту тӯбро хеле зуд партофтӣ, аммо ман онро надоштам! Ту хеле хуб ӯро медорӣ" Ба кӯдак барои дарк намудан ва аксуламал кардан вақт диҳед.

Агар кӯдак ба тарзи нав ё чизи дигар ба бозӣ шурӯъ кунад, бигзор дар ин ҳолат ҳам асосӣ бошад. Масалан, агар ӯ давр задани тӯбро қатъ карда, бо навдаҳо бозӣ карданро оғоз кунад, ба навдаҳо гузаред ва сухан гуфтанро дар хотир доред ва дар бораи он ки Шумо чӣ кор карда истодаед гап занед.

Шумо инро қариб дар ҳама ҳолат ва вақте, ки хоҳед, карда метавонед - на танҳо ҳангоми бозиҳо ва вақти холӣ, балки ҳангоми машғулиятҳои ҳаррӯза - масалан, ҳангоми пухтупаз дар хона ё ҳангоми оббозӣ («О, ту худро мошин вонамуд мекунӣ! Бжжжжж! Вруум-врум! ").

Фарзанди Шумо чӣро меомӯзад: Вақте ки кӯдак мустақилона бозӣ мекунад ва Шумо дастурҳои ӯро иҷро мекунед ва бидуни тағир додани он ба бозӣ машғул мешавед, ин ба рушди тафаккури эҷодӣ ва малакаҳои ҳалли мушкилот мусоидат мекунад. Инчунин фарзанди Шумо муошират ва фикркуниро меомӯзад.