Аз рӯи тавсиф номи ҳайвонро ёбед

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Шумо метавонед ин бозиро бо ду нафар бозӣ кунед, аммо бозӣ бо якчанд бозингар махсусан шавқовар аст.

Шахсе, ки бозиро оғоз мекунад, бояд барои худ ҳайвонро тахмин карда фикр кунад, ки ҳайвони мазкур чӣ гуна ҳаракат мекунад, чӣ кор мекунад ва чӣ хел овоз мебарорад. Пас аз ин бозигар худро ҳамин ҳайвон тасаввур карда, дар назди дигарон "намоиш" нишон медиҳад. Аввалин касе, ки чӣ гуна ҳайвон будани онро меёбад, барои даври дигари бозӣ ҳайвони дигарро тахмин мекунад.

Агар Шумо бо як кӯдак бозӣ кунед, аз фарзандатон хоҳиш намоед, ки ба садоҳо ва ҳаракатҳои ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла ширхӯрон, хазандагон, паррандагон ва ҳатто моҳӣ тақлид кунад!

Овозеро бароред, ки бо овози ҳайвони тахминшуда мувофиқ бошад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият кӯдаконро ташвиқ мекунад, ки худро ҳамчун ҳайвонҳои дӯстдоштаашон тасаввур кунанд. Кӯдакон худро ҳайвон вонамуд карда, тасаввуроти худро ба кор бурда, кӯшиш мекунанд, ки ҳаракатҳои гуногун ва садоҳои гуногунро ба вуҷуд оранд. Ба ғайр аз ин, мушоҳида кардани амали дигарон ва мувофиқ намудани ҳаракати онҳо дар симои ягон ҳайвон машғулияти муштараки шавқовар ва ангезиши мағзи сар мебошад.