Аз сӯрохӣ мегузаронем

Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Дуршлаг (тушберагирак), симчаҳои ранга

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои оғози бозӣ, як дуршлаг ва якчанд симча тайёр кунед. Сипас ба кӯдак, нишон диҳед, ки чӣ тавр симчаро аз сӯрохиҳои дуршлаг мегузаронед. Акнун, бигзоред ки кӯдак худи ҳамон чизро мустақилона такрор кунад.

Бигзор кӯдак кӯшиш кунад, ки бо роҳҳои гуногун бозӣ кунад. Аз чанд сӯрохӣ бо як сим гузашта мешавад? Шояд бо ин роҳ Шумо метавонед шаклҳои ҷолиб ё ҳатто суробчаи аҷиб эҷод кунед. Бо кӯдакони калонтар Шумо метавонед кӯшиш кунед, ки симҳоро тавре гузаронед, қат кунед ва бандед, ки гул ё ҳатто ҳайвон офаред!

Дар хотир доред! Кӯдак метавонад ин бозиро танҳо зери назорати калонсолон бозӣ кунад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии ҳиссиётӣ ба рушди малакаҳои зеҳнӣ, моторикаи хурд ва инчунин малакаҳои эҷодӣ мусоидат мекунад.