Ба кафи дастҳо пуф мекунем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакон бояд эҳсосоти гуногуни ҷисмониро аз сар гузаронанд, то муҳити атрофро омӯзанд ва бадани худро дарк кунанд. Бо ин бозӣ Шумо ба фарзандатон кӯмак хоҳед кард, ки қисмҳои гуногуни баданашро ҳис кунад.
Кӯдакро дар рӯи дасти худ нигоҳ доред ё ӯро дар рӯи сатҳи мулоим гузоред ва дар паҳлӯяш шинед. Сипас ба кафи дастонаш нарм пуф кунед. Дар айни замон, бо оҳанг бигӯед: "Кафҳои ту (ё Шумо метавонед номи кӯдакро истифода баред)". Пас аз пуф кардан, кафҳои кӯдакро бӯсед.
Ин корро барои ҳамаи узвҳои бадан, онҳоро номбар карда, иҷро кунед. Фаромӯш накунед, ки дасту пойҳои кӯдакатонро пас аз пуф кардан ва номи онҳоро гуфтан, бӯса кунед.
Шумо метавонед ба кафҳо, пойҳо, оринҷҳо, гардан, рухсораҳо, ангуштони кӯдак пуф кунед.
Дар хотир доред, ки пӯсти кӯдак хеле нозук аст, бинобар ин, нарм ва оҳиста пуф кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Таҷрибаҳои эҳсосии мусбӣ ва муоширати иҷтимоӣ бо калонсолон идрок, дилбастагӣ ва худшиносии кӯдаконро зиёд мекунанд.