Ба китоб назар андозем

Маводҳои зарурӣ: Як ё якчанд китобҳои расмӣ (агар Шумо надошта бошед, метавонед китоби оддиро таҳия кунед, суратҳоро аз маҷаллаҳо гирифта ба саҳифаҳо часпонед ва якҷоя кунед ё расмҳои оддиро кашед).

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Дидани китобҳои расмӣ корест, ки фарзанди Шумо дар ин синну сол аз он баҳра хоҳад бурд, агар шумо бо ӯ мубодила кунед. Ҳангоми хондан ё сӯҳбат дар бораи тасвирҳо, фарзанди худро ташвиқ кунед, ки саҳифаҳоро гардонад. Инро шавқовар кунед: масалан, “Оҳ, бубин, ки гурба ҳоло ба куҷо меравад. Ту метавони саҳифаро гардони? " Бв  кӯдакро бо дасти худ нишон диҳед ва дар ҳолати зарурӣ роҳнамоӣ кунед. Шумо метавонед бигӯед: “Ташаккур барои гардондани саҳифа ҳоло мебинам, ки гурба болои дарахт нишастааст!". Вақте ки фарзанди шумо шавқманд аст ва қодир аст саҳифаҳоро гардонад, онро ба хониши ҳаррӯзаи китоби ҳикояҳо табдил диҳед. Шумо инчунин метавонед бинед, ки фарзанди Шумо мустақилона саҳифаҳои китоб ё маҷаллаҳоро варақ мезанад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Гардондани саҳифа як малакаи нави хуби ҳаракат аст, ки имкон медиҳад, то ки дастони фарзандатонр моҳиртар истифода баред. Тафаккури фарзанди Шумо инчунин ҳангоми мустаҳкам шудани робитаи байни чизҳои дар саҳифаҳо буда дидани тасвири нав мустаҳкам мешавад.