Ба кӯлмак меҷаҳем!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Мӯзаҳои резинӣ ва либоси обногузар
Бозӣ аз чи иборат аст: Бештари кӯдакон наметавонанд, ки аз назди кӯлмак бе тафовут гузаранд. Ҷаҳидан ба кӯлмак ва паридани қатраҳо хурсандибахш мебошад ва агар каме ифлос шавад ҳеҷ гап нест! Ин ҳиссиёти хеле олӣ мебошад.
Ҷаҳидан ба кӯлмак— на бояд ҳатман як муддати кутоҳи гузаштани он дар муддати аз мактаб ба хона омадан аст. Чаро мо кӯдаконро махсусан пас аз рӯзҳои боронӣ, барои ҷаҳидан ба кӯлмак ба берун набарорем?
Мӯзаҳои резинӣ ва либосҳои обногузарро ба кӯдакатон пӯшонида кӯшиш кунед, ки кӯлмаки калонтар ёбед. Дар куҷо кӯлмаки калонтар ҳаст? Дар куҷо кӯлмаки чуқуртар ҳаст? Кӣ қатраҳои бештарро паронида метавонад? Оё бо як пой аз болои кӯлмак ҷаҳида метавонед? Бо ду пой чӣ?
Бигзор кӯдакон дар ҳар як кӯлмак акси худро бинанд. Онҳо чиро мебинанд? Агар онҳо ба кӯлмак барг, чӯбча ё санг партоянд, чӣ ҳолат рӯй медиҳад?
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият – усули беҳтарини дарки муҳити атроф барои кӯдакон буда, инчунин ҳамаи узвҳои ҳиссиётиро ба ангезиш меорад ва ин вақтгузаронии хуб дар ҳавои тоза аст!