Ба овозҳои гуногун
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Аз рӯзи аввали ҳаёти худ, фарзандатон бо Шумо ва Шумо бо ӯ муошират мекунед. Бисёр машғулиятҳо ва стратегияҳои гуногуне мавҷуданд, ки Шумо метавонед онҳоро барои ташвиқи гуфтор ва малакаи забонии фарзандатон истифода баред.
Дар аввал, кӯдаки худро ба ҷойи мулоим гузоред ё дар оғӯши худ, рӯ ба рӯ нигоҳ доред. Дар аввал ба ӯ сурудро бо овози баланд ё кӯдакона хонед. Аксари кӯдакон ин овозро дӯст медоранд - Шумо мушоҳида мекунед, ки дили ӯ тез-тез таппиш мекунад, ӯ дар ҳаяҷон ва фаъол аст.
Баъдан боз ҳамон сурудро хонед, аммо ин дафъа бо овози пасттар ё оромтар. Шумо хоҳед дид, ки аксуламали кӯдак оромтар хоҳад буд - ӯ хушбахт ва ором хоҳад буд.
Бо овози гуногун суруд хондан ё ба фарзандатон чизе нақл кардан - як роҳи хубест барои аз ҷониби кӯдак шинохтани овозҳои дигар ва дар натиҷа баён намудани эҳсосоте, ки онҳо дар ӯ ба вуҷуд меоваранд; ин барои шумо низ муфид аст - Шумо аксуамали фарзанди худро мебинед ва онро меомӯзед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ғайр аз ҳавасманд кардани шинохтани тембрҳо ва овозҳои гуногун, ин фаъолият ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки овозҳои инсонро аз дигар садоҳо фарқ кунанд, ки он ба рушди малакаҳои забонӣ ва муоширати ӯ мусоидат мекунад.