Ба шикамча гап мезанем!
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Кӯрпаи мулоим, сатҳи мулоим.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Нутқ ва қобилияти нутқии кӯдакон хеле пеш аз гуфтани калимаҳои аввалини худ инкишоф меёбад. Бо ин бозӣ Шумо ба кӯдаки худ кӯмак хоҳед кард, ки ба гап задан бо роҳи осон ва шавқовар наздик шавад.
Пеш аз оғоз кардан, Шумо бояд ҷой барои бозӣ омода кунед. Он бояд ҷои бароҳат ва гарм бошад. Ҳатман дар сатҳи мулоим, ба монанди кӯрпа ё гилем бозӣ кунед ва боварӣ ҳосил кунед, ки дар наздикӣ ягон ашёи хатарнок мавҷуд нест.
Либоси кӯдакро аз танаш кашед ва ӯро дар рӯи кӯрпаи мулоим ба пушт хобонед. Дар назди ӯ бо зону нишаста, диққати кӯдакро ба худ ҷалб кунед. Барои ин Шумо метавонед бо ӯ гап занед, суруд хонед ё шикамашро сила кунед.
Акнун лабони худро ба шиками кӯдак расонед ва ба гап задан, суруд хондан, хондани шеър шурӯъ кунед ва умуман ҳар чизи гуворое, ки ба кӯдак гуфтан мехоҳед, гӯед. Ҳангоми гап задан оҳанг ва баландии овози худро тағир диҳед. Ҳар вақте ки Шумо гуфтани чизеро тамом мекунед, метавонед кӯдакро бӯсед, шиками ӯро сила кунед.
Дар хотир доред, ки дар вақти иҷрои ин машқ табассум кунед ва ҳама чизро меҳрубонона ва оромона кунед. Ҳангоми баровардани садоҳои гуногун импровизатсия кунед: забонатонро пахш кунед, ғингос занед, пуф кунед, қитик кунед. Танҳо ин корро аз ҳад баланд накунед, то кӯдакро натарсонед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар натиҷаи ин машқ, кӯдаки Шумо дар бораи бадани худ огоҳтар мешавад, ин ба рушди нутқ, рушди иҷтимоӣ ва сенсомоторӣ мусоидат мекунад.