Банақшагирии пешакӣ ҳамчун воситаи идоракунии рафтор

Дар баъзе мавридҳо, эҳтимоли рафтори душвори кӯдак бештар мебошад, ба монанди сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба мағоза ё меҳмонӣ рафтан. Банақшагирии пешакӣ дар вазъиятҳое, ки барои Шумо ва фарзандатон душвор аст, кӯмак мекунад. Маслиҳатҳои моро барои ташвиқи рафтори хуб дар фарзандатон истифода баред. Шумо метавонед бо муайян кардани ҳолатҳои душвор оғоз кунед.
Body
Чӣ хел банақшагирии пешакӣ ба идора кардани рафтор кӯмак мекунад

Дар як қатор корҳои рӯзмарра – харид дар мағоза, сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ, зангҳои телефонӣ, вохӯриҳои шахсӣ, дидорбинии дӯстон – чунин мешавад, ки ба фарзандатон тамоми диққати худро додан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ӯ инҷиқӣ мекунад ва рафтори ба Шумо номаъқул мекунад. Дар ин ҳолатҳо, хатари рафтори душвор аз ҷониби фарзанди Шумо ва эҳсоси ноумедӣ, озурдахотирӣ ё хашм аз ҷониби Шумо вуҷуд дорад.

Бо воситаи банақшагирии пешакӣ, Шумо метавонед чунин вазъиятҳои душворро бартараф кунед. Усули ҳафт қадами банақшагирии пешакиро истифода баред, ки ба Шумо дар фаҳмидани он ки чӣ боиси мушкилоти рафтор шудааст ва чӣ гуна бояд бо он дар сурати пайдо шудан муносибат кард, кӯмак мекунад.

1. Ҳолатҳои душворро муайян кунед

Пеш аз оғози банақшагирии пешакӣ, Шумо бояд вазъиятҳоеро муайян кунед, ки барои Шумо ва фарзандатон душвор аст. Инҳо одатан вақтҳое мебошанд, ки Шумо аз рафтори кӯдаки худ шиддат, ноумедӣ ё хиҷолат эҳсос мекунед.

Аввалан, кӯшиш кунед фаҳмед, ки вазъиятро чӣ мушкил мекунад. Талаботи аз ҳад зиёд, набудани вақт ё дилгиршавӣ? Шояд муҳити атроф кӯдакро ба рафтори душвор водор кунад - масалан, дар мағоза кӯдаки Шумо шириниҳои дар пеши чашм бударо мехоҳад.

Муайян кунед, ки чӣ тавр Шумо метавонед вазъиятро мустақилона ҳал кунед, аммо аз кӯмак пурсидан шарм надоред. Масалан, Шумо метавонед дар хона бо фарзандатон бимонед ё дар ҳавлӣ сайру гашт кунед, вақте ки ҳамсаратон ба мағозаи хӯрокворӣ меравад.

Агар Шумо вазъиятро пешгирӣ карда натавонед ё фикр кунед, ки фарзанди Шумо аз таҷрибаи нав рафтори қобили қабулро ёд мегирад, кӯшиш кунед, ки пешакӣ ба нақша гиред. Эҳтимол барои Шумо гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки чӣ тавр Шумо метавонед рафтори хуби фарзандатонро тавассути тағйир додани муҳити атроф ташвиқ кунед, муфид хоҳад буд.

2. Интизориҳоро равшан баён кунед

Пеш аз он ки ба вазъияти душвор дучор мешавед, бо фарзандатон сӯҳбат кунед ва қоидаҳои рафторро пешакӣ муҳокима кунед. Вақте ки Шумо аниқ дарк мекунед, ки аз вазъият чиро интизор шудан мумкин ва кадом рафтор қобили қабул аст, ин метавонад ба пешгирии рафтори душвор мусоидат кунад.

Бо кӯдакони хурдсол ва кӯдакони синни томактабӣ, Шумо метавонед интизориҳои худро муҳокима кунед. Кӯдакони синни мактабӣ метавонанд ғояҳои худро дошта бошанд, аз ин рӯ якчанд қоидаҳои мушаххасро якҷоя коркард кунед. Ин қадам бештар ба гуфтушунид монанд аст, аммо Шумо ба ҳар ҳол ҳаққи сухани хотимавӣ доред.

Қоидаҳо бояд равшан, мушаххас, содда ва ба рафторе, ки Шумо дидан мехоҳед, равона карда шаванд. Масалан, қоидаҳои муроҷиат ба табиб инҳо буда метавонанд: «Бо овози паст сухан гӯй», «Ниқоб ва пойпӯш пӯш», «Ором бош», «Ба саволҳои табиб ҷавоб деҳ». Кӯдаки Шумо бо эҳтимоли зиёд қоидаҳоро дар хотир нигоҳ медорад, агар онҳо аз ҳад бисёр набошанд

Инчунин хубтар аст пешакӣ мувофиқа кунед, ки ҳангоми риоя ё вайрон кардани қоидаҳо, чӣ рӯй медиҳад. Масалан, пеш аз он ки ба духтур муроҷиат кунед, Шумо метавонед гӯед: «Вақте ки ман дар бораи ҳолати ту гап мезанам, ту метавони дар зонуи ман нишинӣ. Вақте ки духтур туро муоина мекунад, бо хоҳиши ӯ ту бояд даҳонатонро васеъ кушода гулӯятро ба ӯ нишон диҳӣ, ва вақте ки ӯ туро гӯш кардан мехоҳад, ту бояд чуқур нафас кашӣ. Агар ба ту кӯмак ё дастгирии ман лозим шавад, дасти маро дор. Ором бош, агар табиб туро муоина карда натавонад ва агар доду фарёд занӣ, ман хеле ғамгин мешавам».

Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди Шумо ҳама чизро фаҳмид, аз ӯ хоҳиш кунед, ки қоидаҳо ва оқибатҳоро ба Шумо фаҳмонад. Ин корро пеш аз вазъияти душвор, масалан, пеш аз ворид шудан ба кабинети духтур такрор кунед. Қоидаҳои оилавӣ метавонанд ба аъзоёни оилаатон кӯмак расонанд, ки бо ҳамдигар беҳтар муошират кунанд.

3. Дар бораи фарзанди худ ҳамчун "талаба" фикр кунед

Рафтори душвор метавонад аз сабабе ба миён ояд, ки кӯдак малакаҳои заруриро барои ҳалли вазъият надорад. Аз худ пурсед, ки чӣ тавр Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак расонед, ки дар вазъиятҳои душвор чӣ гуна рафтор кунад. Дар ин ҷо баъзе тавсияҳо ҳастанд:

Ба фарзандатон имконият диҳед, ки машқ кунад ва муваффақ шавад

Вақте ки кӯдак малакаҳои навро аз худ мекунад, барои ӯ якбора ҳама чизро дар ёд доштан ва дар амал татбиқ кардан душвор аст. Амалҳои барои кӯдак душворро ба амалҳои хурдтар тақсим кунед ва ба ӯ имконият диҳед, ки дар ҳар яки онҳо натиҷаҳои мусбӣ ба даст орад.

 Инҳоянд чанд мисолҳо:

  • Харид намудан: пеш аз он ки ба маркази савдои калон равед ба нақша гиред, ки ба мағозаи наздиктарин барои хариди ашё якчанд маротиба равед.
  • Ба меҳмонӣ рафтан: пеш аз рафтан ба меҳмонӣ ба хонаи шахсони ба кӯдак ношинос, як қатор вохӯриҳои кӯтоҳеро бо дӯстон ё хешовандон ташкил кунед.
Фикр карда бароед, ки кадом вақт фарзанди Шумо хуб рафтор мекунад

Агар имконпазир бошад, вазъиятҳои барои кӯдак душворро мувофиқи реҷаи ҳаррӯзаи ӯ ба нақша гиред. Масалан, пас аз хоби нисфирӯзӣ ва газакҳои пас аз хоби фарзандатон ба мағоза равед.

Муайян кунед, ки кӯдаки Шумо кадом малакаҳоро бояд омӯзад

Масалан, агар ҳангоми зангҳои телефонӣ мушкилот ба вуҷуд ояд, Шумо метавонед ба кӯдак ҳангоми бозии нақшдор бо телефон чӣ гуна муошират карданро омӯзед. Масалан, ба ӯ гӯед, ки бо дӯст ва шахси бегона чӣ гуна салом гуфтан лозим аст, чӣ гуна аз ҳамсӯҳбат дар бораи чизе бо одоб пурсидан ё чӣ гуна бо ӯ хайрухуш кардан лозим аст. Дар давоми чунин бозиҳо, кӯдак нигоҳ доштани муколама ва интизор шудани навбати худро ёд мегирад. Шумо метавонед бо кӯдак пешакӣ маслиҳат кунед, ки агар ба Шумо лозим ояд бо телефон сӯҳбат кунед, ӯ худаш бо чӣ машғул шуда метавонад.

Кӯдакро барои рафтори хуб ҳатман ҳавасманд намоед.

4. Фикр карда бароед, ки чӣ тавр ба кӯдак дар шавқманд ва машғул будан кӯмак карда метавонед

Барои кӯдакони хурдсол машғулиятҳои шавқоварро, ки метавонанд онҳоро дар холатҳои душвор ба худ ҷалб кунанд, ба нақша гиред. Масалан, агар Шумо барои муоинаи духтур бояд навбати худро интизор шавед, бо худ барои кӯдак як китоби ҷолиб, албоми расмкашӣ бо қалами ранга ё ягон чизи хӯрданӣ баред.

Бо кӯмаки Шумо кӯдакони синни томактабӣ ва синни мактабӣ метавонанд машғулиятҳои ҷолибро ба нақша гиранд, Шумо бошад кӯшиш намоед, ки онҳоро ба коре, ки худатон анҷом медиҳед, ҷалб кунед. Масалан, ҳангоми харидани маҳсулоти хӯрокворӣ, Шумо метавонед аз кӯдак хоҳиш кунед, ки дар рафҳо чизҳои заруриро ёфта, ба аробача гузорад, рангҳои ашёро номбар кунад ё миқдори ашёи дар аробача бударо ҳисоб кунад. Вақтхушиҳои махсусро барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ фикр карда бароед. Ин метавонад китобҳо, мусиқӣ ва ғайра бошад.

5. Рафтори хубро ташвиқ кунед

Дар ҳолатҳои душвор диққат диҳед ва рафтори кӯдакро, ки ба Шумо маъқул аст, ташвиқ кунед. Шумо метавонед бозистед ва ба кӯдак таваҷҷӯҳ кунед, то ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ гуна рафтор ба Шумо маъқул аст.

Баъзан барои кӯдак дар хотир доштани чӣ гуна рафтор кардан душвор мебошад, аммо таъриф эҳтимоли такрор кардани рафтори хубро дар оянда зиёд мекунад. Кӯшиш кунед, ки кӯдакро бештар таъриф кунед, на танқид. Ҳамчун дастур, таносуби зеринро риоя кунед: барои як танқид бояд шаш сухани таҳсинкунанда бошад.

Масалан, ҳангоми харид дар мағоза, Шумо метавонед барои дар наздатон будан, бо овози паст сухан гуфтан ва дар пайдо кардани маҳсулоти зарурӣ кӯмак кардан, кӯдакро таъриф кунед.

6. Оқибатҳои рафтореро, ки ба Шумо маъқул нест, истифода баред

Агар Шумо қадамҳои дар боло зикршударо риоя кунед, фарзанди Шумо эҳтимоли бештари рафтори хубро дорад. Аммо ба назар гирифтан лозим аст, ки агар фарзанди Шумо рафтори нодуруст кунад, оқибатҳои он хоҳанд вуҷуд дошт.

Аксари оқибатҳое, ки Шумо дар хона истифода мебаред, инчунин метавонанд бо чанд тағйирот дар ҷои дигар истифода шаванд. Масалан, агар Шумо қатъи фаъолиятро (тайм-аут) дар хона истифода баред, Шумо инчунин метавонед онро дар мағозаҳо истифода баред, ва аз кӯдак хоҳиш кунед, ки дар маркази савдо муддате дар паҳлӯи Шумо шинад ё истад.

7. Дар бораи ҳодисаи рӯйдода сӯҳбат кунед

Пас аз дар ҳолати душвор буданатон бо фарзандатон сӯҳбат кардан муфид аст. Ҳангоми сӯҳбат кори хуби кардаи фарзандатонро таъриф кунед ва пешрафтеро, ки Шумо якҷоя ба даст овардед, қайд кунед.

Як ё ду чизеро, ки фарзанди Шумо метавонад дар оянда ба таври дигар кунад, қайд кунед. Ин метавонад ҳадафи Шумо бошад, вақте ки дафъаи дигар вазъияти ба ин монанд рух диҳад.