Барои он ки кӯдакон камтар афтанд

Афтодан сабаби маъмултарини ҷароҳатҳои кӯдакон аст. Барои пешгирии онҳо, аз ҳама муҳим ин аст, ки сари вақт чунин ҳодисаҳоро пешгӯӣ карда, муҳитеро, ки кӯдак дар он вақт мегузаронад, бехатар бояд намуд.
Body

Хонаи худро бехатар созед  

  • Мебелеро, ки ба осонӣ ғалтонидан ё чаппа кардан мумкин аст, бароред ё мустаҳкам кунед.
  • Гилемчаҳои лағжонакро ғундоред.
  • Дар поён ва болои зинапоя панҷара насб кунед, ки онро кӯдаки хурдсол кушода натавонад.
  • Дар зинапояҳо панҷараҳо ё дастакҳо насб кунед, то кӯдак онҳоро дошта ҳаракат кунад.
  • Дар зинапояҳо набояд монеа вуҷуд дошта бошад.
  • Қуфлҳои бехатариро дар тирезаҳо ва дарҳое насб кунед, ки ба айвон мебароянд, то кушодашавии онҳоро маҳдуд созед ё тасмаҳои махсуси муҳофизатӣ насб кунед.
  • Мебелеро, ки кӯдак ба болои он баромада метавонад (кат, курсиҳо ва ғ.) набояд ҳеҷ гоҳ дар зери тиреза ё назди тиреза гузошта шавад.
  • Дари айвонро қулф нигоҳ доред - кӯдак набояд дар айвон беназорат бошад.
  • Нардбонро фавран пас аз истифода аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ доред.
  • Дар ҳаммом ба рӯи сафолакҳо тахтаҳо ё гилемчаҳои лағжишнашаванда гузоред.

Диққати махсус: кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол

  • Ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро дар болои мизи парпечкунанда беназорат нагузоред!
  • Агар Шумо белинчакро истифода баред, боварӣ ҳосил кунед, ки пояи он ба қадри кофӣ устувор аст.
  • Катча бояд чуқурии кофӣ ва панҷара дошта бошад. Чуқурии катча бояд на камтар аз 60 см (аз болои матрас то болои панҷара) бошад, то кӯдак ба берун наафтад.
  • Дар паҳлӯҳои катча набояд чӯбе бошад, ки кӯдаки хурдсол ба он баромада тавонад.
  • Ҳангоми истифода бурдани курсии баланд ва аробача, боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдак ҳамеша бо тасмаҳои бехатарӣ баста мешавад.
  • Аз истифодаи роҳгардакҳо/ходунки худдорӣ намоед!

Бехатарӣ ҳангоми бозӣ

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки майдончаи бозӣ бехатар аст - арғунчакҳо боэътимод баста шудаанд, аз онҳо мех намебарояд ва ғайра.
  • Аз майдони бозӣ ҳама чизеро, ки кӯдак ба он пешпо хӯрда метавонад, дур кунед - сангҳо, чӯбҳо ва ғайра.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандони Шумо таҷҳизоти бозиро, ки ба синну сол ва қобилияти онҳо мувофиқ аст, истифода мебаранд.
  • Агар имконпазир бошад, майдони бозӣ бо сатҳи мулоимтар интихоб кунед.
  • Ҳангоми бозӣ кардан ба варзиш кӯдак бояд лавозимоти муҳофизатии мувофиқ дошта бошад (ҳангоми рондани велосипед кӯдак бояд кулоҳ пӯшад ва ҳангоми конькии роликӣ муҳофизати мувофиқи дасту пойҳо истифода шавад).