Баста шудани канали ашк
Оид ба баста шудани канали чашм
Ашкҳо аз қубурҳои танг аз чашм ба бинӣ мераванд ва онҳоро ҷараёни бинӣ ва ашк меноманд (носослезными протоками).
Басташудани канали ашкӣ одатан вақте рух медиҳад, ки мембрана дар дохили поёни канали ашк, дар наздикии бинӣ, пас аз таваллуди кӯдак оҳиста кушода мешавад ва ин басташавиро эҷод мекунад. Гарчанде ки басташавӣ одатан аз таваллуд ба вуҷуд меояд, ин раванд метавонад то он даме, ки кӯдаки Шумо тақрибан як моҳа мешавад, возеҳ набошад.
Баста шаудани канали ашкӣ ҳолати маъмул мебошад. Тақрибан як нафар аз ҳар 20 кӯдак бо басташавии як ё ду канали ашк таваллуд мешавад.
Аломатҳои баста шудани канали ашкӣ
Агар канали ашкии фарзанди Шумо баста бошад, аз чашми ӯ зуд - зуд об меравад. Вақте ки ӯ бедор мешавад, ҳамчунин метавонад аз чашмонаш моеъ меравад. Барои Шумо метавонанд ин нишонаҳоро ҳамчун "чашмони обдор" ва ё "чашмони часпак" номанд.
Ба ғайр аз чашмони обдор ва ихроҷи часпак, чашмони кӯдаки Шумо комилан солим мебошанд.
Дар ҳолатҳои хеле кам, сирояти бофтаҳо дар атрофи канали ашк рух медиҳанд. Дар ин ҳолат, Шумо метавонед, сурхиро дар пилки чашми фарзандатон ва моеи сабз аз чашмони ӯро бинед.
Оё ба духтур оид ба бастани канали ашк муроҷиат намудан лозим аст?
Шумо бояд кӯдакро ба духтур ва ё ҳамшира баред агар:
- чашм ва ё чашмони кӯдакони Шумо сурх шуда бошанд;
- аз тарафи дохили пилки чашми кӯдаки Шумо сахт шуда бошад ва ё пилки чашмонаш сурх ва варам шуда бошанд;
- Шумо аломатҳои дигарро низ мушоҳида мекунед, ба монанди ҳассос ӣудан ба равшанӣ ва ё фарзандатон чашмонашро зуд мепӯшонад ва ё пӯшида нигоҳ медорад;
- аз чашмони кӯдакатон моеи сабзранг ҷудо мешавад;
- канали ашкии кӯдаки Шумо пас аз он ки ӯ яксола мешавад, ҳанӯз ҳам баста бошад.
Табобати басташавии канали чашм
Баста шудани канали ашкии чашм одатан худ ба худ беҳтар мешавад, ҳангоме, ки мембранаи дохили канали ашк кушода шавад. Одатан ин ҳангоме, ки фарзанди Шумо як сола мешавад рух медиҳад.
Духтур метавонад ба Шумо нишон диҳад, ки чӣ тавр бояд қисмати дохилии чашми кӯдакро бояд маҳс кард, то ки канали ашкиро аз ихроҷи часпак тоза кард.
Агар кӯдаки Шумо сироят дошта бошад, духтур метавонад доруҳои лозима барои чакондан ба чашм таъин намояд.
Агар канали ашкӣ, то як сола шудани кӯдакатон низ баста бошад духтури Шумо метавонад Шуморо ба назди мутахассис равона созад. Мутахассис аз ҷониби худ метавонад тартиби истифода бурдани зонди махсус тавассути бедардкунӣ (наркози умумӣ) барои кушодани канал тавсия диҳад.