Беэътиноӣ ба талаботу эҳтиёҷоти кӯдак

Қонеъ накардани талаботи кӯдак - ин ҳолате мебошад, ки волидайн ё парасторон эҳтиёҷоти кӯдакро ба эътибор намегиранд, ки он ба рушди ҷисмониву равонии кӯдак таъсири ҷиддӣ мерасонад. Қонеъ накардани эҳтиёҷот на ҳамеша дидаю дониста сурат мегирад ва доираи саршавии он на ҳамеша муайян мебошад.
Body

Барои бо боварии комил оиди қонеъ нагардидани эҳтиёҷоти кӯдак сухан рондан, бояд баъзе ҳолатҳои ҳаётӣ якчанд маротиба такрор шаванд, то ин ки қонеъ накардани ягон талаботи кӯдак ва ё ба он беэътиноӣ намудан муайян карда шавад. Ин ҳолатҳо метавонанд дар қонеъгардонии нокифояи талаботи кӯдак ба ғизо, амнияти ҷисмонӣ ва равонӣ, муҳаббат, набудани нигоҳубин ва назорати мувофиқ ё ёрии тиббии зарурӣ зоҳир шаванд.

Барои инкишофи мутаносиб талаботи кӯдак бояд қонеъ гардонида шавад. Қонеъ гардонидани талаботи кӯдак ба ӯ имкон медиҳад, ки худро хушбахт ҳис кунад.

1. Талаботи физиологӣ. Пеш аз ҳама ин эҳтиёҷот ба ғизо, гармӣ ва либос мебошад. Ҳама волидайн медонанд, ки ин эҳтиёҷот барои кӯдак дар мадди аввал қарор дорад. Назорати  саломатии кӯдак, таъмин намудан бо ғизои хушсифат ва дигар талаботҳои аввалиндараҷаи кӯдак масъулияти падару модар ба ҳисоб меравад.

2. Талабот ба бехатарӣ. Кӯдакон ба эҳсосоти бехатарӣ, аз ҷумла аз тарс ва ғаму андӯҳ эҳтиёҷот доранд. Онҳо ҳузури волидайнеро талаб мекунанд, ки аз зиндагӣ наметарсанд, ба қадри кофӣ устувор бошанд, то тарсу ҳаросро оромона қабул кунанд, Онҳо мехоҳанд, ки волидайнашон аз сахтиҳои зиндагӣ натарсанд, барои оромона қабул кардани тарсу ҳаросҳои онҳо устувор бошанд, ба онҳо дар изҳори ин тарс кӯмак расонанд ва бо душвориҳо тоб оварданро омӯзанд. Кӯдакон аз ҷониби наздикони худ бояд дастгириро эҳсос кунанд.

3. Талаботи эҳсосӣ ва равонӣ. Ин эҳтиёҷ ба муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ дар лаҳзаи душвор аст. Кӯдак ба нармӣ, навозиш, таваҷҷӯҳ ва муоширати мунтазам ниёз дорад. Ин ба ӯ имкони ҳисси худро ҳифзшуда ҳисобиданро медиҳад. Оқибатҳои норасоии муҳаббати дар кӯдакӣ аз сар гузаронидаро, аксар вақт дар синну соли баркамол ислоҳ кардан душвор аст.

4. Талаботи ҳиссиётӣ ва иҷтимоӣ. Сохторҳои майнаи сари кӯдак мувофиқи маълумоти аз узвҳои ҳиссиёт гирифташуда ташаккул меёбанд. Барои инкишофи пурраи ҳиссиёт ҳавасмандкунии доимӣ лозим аст. Барои инкишофи зеҳни ояндаи кӯдак зарур аст, ки дар давоми рӯз ӯро танҳо нагузоранд, кӯшиш кунанд, ки ӯро ба ҳаёти рӯзмарра ҳамроҳ кунанд, ба дарки олам ташвиқ намоянд. Барои боварӣ ба худ, муфид ва муҳим буданаш, кӯдак ба касе ниёз дорад, ки амалҳои ӯро тасдиқ кунад, дастовардҳоро эътироф кунад, ба имкониятҳои ӯ бовар кунад ва эҳтиёҷоти ӯро ба эҳтиром ва эътироф қонеъ гардонад.

Эҳтимолияти беэътиноӣ ё қонеъ нагардидани эҳтиёҷоту талаботи кӯдак метавонад бо нишонаҳои зерин инъикос ёбад:

  • Кӯдак доимо чиркин аст ва аз ӯ бӯи нохуш меояд;
  • Кӯдак дар бисёр мавридҳо либоси ба боду ҳаво номувофиқ ё бо андозаи нодуруст (либос ва пойафзол) пӯшида мегардад;
  • Баъзан ҳолатҳое дида мешаванд, ки аз беъэтиноӣ ба гигиенаи шахсии кӯдак шаҳодат медиҳанд (масалан хоришак ё шабушкзанӣ);
  • Мавҷудияти кариес, фарбегӣ;
  • Қад ва вазни кӯдак ба синну сол мувофиқат намекунад, ақибмонӣ дар инкишоф мушоҳида карда мешавад;
  • Кӯдакро барои муоинаи тиббӣ ба назди духтур намебаранд, гарчанде ки волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда имконияти кардани ин корро доранд;
  • Волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда барномаҳоро оид ба мустаҳкам намудани саломатии кӯдак, ки эмкунӣ, мониторинги инкишофёбӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, сарфи назар мекунанд;
  • Набудани нигоҳубин ва таълими мувофиқ бо назардошти синну сол ва талаботҳои кӯдак.
  • Ба кӯдак шахсе нигоҳубин мекунад, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин кор намебарояд (вобаста ба масъалаҳои саломатй, моддӣ ва дигар сабабҳо);
  • Дар бадани кӯдак доғҳои газидани ҳайвонҳо мавҷуданд, ки метавонанд нишон диҳанд, ки ҳангоми тамос бо ҳайвонҳо ба бехатарии кӯдак аҳамият дода намешавад;
  • Мавҷудияти ҷароҳатҳо дар натиҷаи назорати нодуруст (сӯхтан, заҳролудшавӣ, истеъмоли моддаҳои хатарнок);
  • Гарчанде ки дар кӯдак аломатҳои беморӣ дида мешавад ё ба дард шикоят мекунад, волидайн ё парастор барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат намекунанд;
  • Муҳите, ки кӯдак дар он ба воя мерасад, ба меъёрҳои гигиенӣ ҷавобгӯ нест ва саломатии кӯдак таҳти хатар аст (намнокӣ, занбурӯғ дар деворҳо, сард будани ҳавои хона, набудани нерӯи барқ, об, хатари сар задани сўхтор);
  • Муҳити зист ба сатҳи инкишофи кӯдак мувофиқ нест;
  • Кӯдак барои гирифтани таълим дастгирӣ ва кӯмак намегирад;
  • Кӯдак одатан ба мактаб намеравад;
  • Кӯдак худро танҳо, партофташуда ва дӯстнадошта ҳис мекунад;