Бемории саръ ва хуруҷҳо
Бемории саръ чист?
Бемории саръ — ин бемориест, ки боиси зарарёбии мағзи сар гардида ба пайдоиши хуруҷҳои ихтилоҷӣ оварда мерасонад.
Агар ба кӯдак ташхиси «бемории саръ» гузошта шавад, ин нишон медиҳад, ки дар кӯдак на камтар аз 2 маротиба хуруҷҳои ихтилоҷӣ ҷой доштанд ва маънои онро дорад, ки дар оянда низ хуруҷҳои ихтилоҷӣ пайдо шуда метавонанд. Бемории саръ – ин фаъолияти ғайримуқаррарии барқии мағзи сар буда боиси дигаргуншавии фаҳмиш, рафтор ва инчунин ҳаракати бадани кӯдак мегардад.
Агар дар кӯдак хурӯҷҳои ихтилоҷӣ пайдо шавад, на ҳамеша маънои ҷой доштани бемории саръро дорад. Дар бештари кӯдакон хуруҷҳои ихтилоҷӣ як бор пайдо шуда дигар пайдо шуда наметавонанд. Бемории саръ пас аз ду маротиба ё аз он зиёд пайдо шудани хуруҷҳои ихтилоҷӣ ташхисгузорӣ карда мешавад.
Чӣ боиси пайдоиши бемории саръ мешавад?
Омилҳои баландкунандаи эҳтимолияти пайдоиши хуруҷҳои саръӣ дар кӯдакон:
- мавҷудияти бемории саръ дар хешовандони наздик;
- дигаргуниҳои генӣ, дигаргуниҳо дар инкишоф ва рафтор;
- осеби мағзи сар.
Хуруҷҳои ихтилоҷии одии фебрилӣ бемории саръ ҳисобида намешаванд, вале кӯдаконе, ки дар онҳо хуруҷҳои ихтилоҷӣ бештар аз 15 дақиқа давом карда якчанд маротиба такрор мешаванд, таҳти хатари баланди инкишофёбии бемории саръ қарор доранд.
Дар кӯдаконе, ки дорои хатари гирифторшави ба хуруҷҳои саръӣ ҳастанд, хуруҷҳо дар мавриди таъсири чароғакҳои дурахшон ё таъсири намунаҳои дар экрани телевизион ё кинотеатр намоишдиҳанда ба амал оянд.
Тақрибан нисфи кӯдакони гирифтори бемории саръ сабаби он маълум нест.
Намудҳои эпилепсия
Ба бемории саръ навъҳои гуногуни хуруҷҳои ихтилоҷӣ хос мебошанд. Намуди хуруҷҳои ихтилоҷӣ аз он вобаста мебошад, ки дар кадом мавзеи мағзи сар фаъолияти фаъолияти ғайримуқаррарии электрикӣ ба амал омадааст.
Ду гурӯҳи асосии хуруҷҳои ихтилоҷӣ вуҷуд доранд – хуруҷҳои ихтилоҷии манбавӣ ва хуруҷҳои ихтилоҷии паҳншуда.
Хуруҷҳои ихтилоҷии манбавӣ дар минтақаи муайяни яке аз нимкураҳои мағзи сар инкишоф ёфта танҳо ба як қисми бадан таъсир мерасонанд.
Хуруҷҳои ихтилоҷии паҳншуда ба фаъолияти тамоми қисматҳои мағзи сар таъсир мерасонад. Хуруҷҳои ихтилоҷӣ боиси он мешаванд, ки мушакҳо суст ё таранг шуда боиси ҳаракати тези дасту пойҳо мегарданд.
Дар баъзе кӯдакон ҳуруҷҳои ихтилоҷӣ метавонанд боиси обравӣ аз даҳон шаванд ва кӯдакон метавонанд пешоб низ хориҷ кунанд. Инчунин яке аз намудҳои хуруҷҳои ихтилоҷӣ абсансҳо мебошанд – ин дар мавриде ё медиҳад, ки гӯё кӯдакон як муддат ба як нуқтаи муайян нигоҳ карда намефаҳманд, ки дар атроф чи рӯй дода истодааст.
Дар мавриди хуруҷи саръӣ чӣ бояд кард
Агар Шумо дар фарзандатон хурӯҷҳои ихтилоҷӣ ва аз ҳуш рафтанро мушоҳида намоед, муҳим аст, ки ба оромӣ риоя намуда ҳамаи ашёҳои хатарнокро дур кунед, то ӯ осеб набинад.
Кӯдакро ба паҳлӯяш дар ҷои нарм, дар ҳолати «наҷотдиҳӣ» гузоред, зеро ин ба кӯдак имкон медиҳад, ки нафас гирад ва бо оби даҳонаш гулӯгир нашавад ва инчунин сарашро нигоҳ доред. Ҳангоми ҷой доштани хурӯҷҳои ихтилоҷӣ ба даҳони кӯдак қошуқ ва ягон ашёро (аз ҷумла сӯзанҳо) маҷбуран андохтан лозим нест, зеро ин метавонад зарари бештар гардад, масалан метавонад ба дандонҳо ва милки дандонҳо осеб расонад. Бо фарзанди худ бимонед ва ӯро тасаллӣ диҳед.
Агар дар фарзанди Шумо бори аввал хурӯҷ пайдо шуда бошад, кӯшиш кунед, ки чизе ки рӯй дода истодааст, дар хотир гиред, то баъдан чизҳои дидаи худро нақл кунед. Агар Шумо смартфон ё камера дошта бошед, хуруҷи ихтилоҷиро дар видео сабт кунед.
Давомнокии хурӯҷи саръро қайд кунед.
Ҳамин ки хурӯҷи саръ қатъ шуд, кӯдакро ба паҳлӯ гардонида дар ҷои мулоим «дар ҳолати наҷотдиҳӣ» хобонед, зеро ин ҳолат ба ӯ имкон медиҳад, ки нафас гираду бо оби даҳонаш гулӯгир нашавад ва сарашро эҳтиёткорона нигоҳ доред.
Ҳангоми хуруҷи бемории саръ кай ба педиатр/табиби оилавӣ муроҷиат кардан лозим аст
Шумо бояд кӯдаки худро ба назди педиатр/табиби оилавӣ ё ба беморхона баред, агар:
- хуруҷи саръ бори аввал руй диҳад;
- якчанд маротиба хуруҷи саръӣ такрор шавад;
- Шумо боварӣ надоред, ки дар фарзанди Шумо хурӯҷ ҷой дошт;
- фарзанди Шумо хуруҷҳои саръӣ нисбат ба пештара зуд-зуд пайдо мешаванд.
Агар хуруҷи саръӣ аз 2-3 дақиқа зиёд давом кунад, ба ёрии таъҷилӣ (телефони 103) занг занед.
Бемории саръро чӣ гуна муайян мекунанд
Агар педиатр/табиби оилавӣ гумон кунад, ки фарзанди Шумо гирифтори бемории саръ аст, одатан кӯдакро барои ташхиси минбаъда ба назди асабшиноси кӯдакона мефиристанд.
Табиб санҷиши хун ва электроэнсефалограмма (ЭЭГ) таъин мекунад. Вай инчунин метавонад кӯдакро барои гузаштани томографияи компютерӣ (ТК) ё томографияи магнитӣ-резонансӣ (ТМР)-и мағзи сар равон кунад.
Табобати бемории саръ
Табиб ба кӯдаки Шумо доруҳои зиддиихтилоҷӣ таъин мекунад, то ки кӯдак имконияти пеш бурдани ҳаёти муқаррариро дошта бошад. Аммо ин доруҳо метавонанд таъсироти манфӣ дошта бошанд. Агар фарзанди Шумо доруҳои зиддиихтилоҷӣ истеъмол кунад, ӯ бояд мунтазам ба табиб муроҷиат кунад.
Агар доруҳо кӯмак накунанд, табиби Шумо метавонад бо Шумо оид ба усулҳои дигари табобат, аз ҷумла парҳези кетогенӣ ё амалиётҳои ҷарроҳӣ сӯҳбат намояд.
Ба ҳамаи онҳое, ки фарзанди Шуморо нигоҳубин мекунанд, аз ҷумла парасторон ва муаллимон, бигӯед, ки фарзанди Шумо гирифтори бемории саръ аст. Онҳо бояд фаҳманд, ки бемории мазкур чӣ маъно дорад ва инчунин бидонанд, ки дар мавриди пайдоиши хуруҷи саръ чӣ кор кардан лозим аст. Ба гардани фарзандатон гарданбанд ё нишона бандед, то одамон бидонанд, ки ӯ гирифтори бемории саръ аст.
Пешгирии хуруҷҳои саръӣ
Ғизои мунтазам, хоб ва машқҳои ҷисмонӣ метавонад хатари пайдоиши хуруҷҳоро кам намояд.
Кӯдаки Шумо бояд аз чизҳое, ки боиси пайдоиши хурҷ мешаванд, аз ҷумла чароғакҳои дурахшанда, мондашавӣ, гуруснагӣ ё тамошои телевизор худдорӣ кунанд.
Ҳамеша кӯдакатонро ҳангоми шино кардан, оббозӣ кардан ё машғул шудан ба варзиши фаъолона дар баландиҳо, масалан дар мавриди велосипедронӣ ё кӯҳнавардӣ назорат кунед.