Бемориҳое, ки бо сирояти Streptococcus pneumoniae ба вуҷуд меоянд

«Streptococcus pneumoniae — бактерияест, ки зиёда аз 90 штамм дорад, ки аксар вақт илтиҳоби пардаи луобии бинӣ ва узвҳои ҳамсоя: ҷавфҳо ва гӯшҳоро ба вуҷуд меорад. Штаммҳои пурзӯри ин бактерия боиси пневмония, менингит, сепсис, бемориҳое мешаванд, ки метавонанд оқибатҳои дарозмуддат ё ҳатто марг дошта бошанд, махсусан дар навзодон, кӯдакони хурдсол ва одамони гирифтори бемориҳои музмин.
Body
Аломатҳо ва нишонаҳои беморӣ

Бактерияи Streptococcus pneumoniae (пневмококк) метавонад илтиҳоби бактериявии гулӯ, гӯшҳо ва ҷавфҳои бинӣ, инчунин бемориҳои вазнин ба монанди пневмония, менингит, сепсис ва як қатор дигар мушкилиҳои камтар маъмулро ба вуҷуд орад. Сироятҳо дар кӯдакони то 2 сола бештар маъмуланд, аммо дар кӯдакони калонтар низ метавонанд пайдо шаванд, бахусус кӯдакони гирифтори бемориҳои музмин ва системаи иммунии заиф дар хатари зиёд қарор доранд.

Пневмония/илтиҳоби шуш дар натиҷаи асорати грипп ё дигар вирусҳо ба вуҷуд омада, ногаҳон пайдо мешавад ва аломатҳои зерин дорад: табларзаи баланд, сулфа бо ихроҷи риму фасод, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди қафаси сина, нафастангӣ, нафаскашии тез, бехобӣ. Дар 10-20% ҳолатҳо, беморӣ бо сепсис ҳамроҳӣ мекунад ва дар сурати табобат накардан, метавонад марговар бошад.

Streptococcus pneumoniae сабаби асосии менингитҳои бактериявӣ (илтиҳоби пардаи майна) дар кӯдакон мебошад. Дар кӯдакони бемор заифӣ, асабоният, қайкунӣ, табларзаи баланд, дарди сар мушоҳида мешавад, рагкашӣ ва кома имконпазир аст. Ҳатто дар сурати муолиҷаи дуруст тақрибан 8% кӯдакони бемор мефавтанд ва бисёре аз кӯдаконе, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, мушкилоти доимии асаб – ношунавоӣ, ақибмонии ақлонӣ, вайроншавии ҳаракат ва ихтилоҷ доранд.

Муолиҷа

Бемориҳое, ки бо сирояти Streptococcus pneumoniae ба вуҷуд меоянд, бо маҷмӯи антибиотикҳо табобат карда мешаванд, аммо афзоиши муқовимат ба антибиотикҳо табобат ва оқибатҳои ин сироятҳоро мушкилтар мекунад.

Пешгирӣ

Беҳтарин муҳофизати сироятҳое, ки аз бактерияи Streptococcus pneumoniae ба вуҷуд меоянд, эмкунӣ мебошад. Дар баробари ин тадбирҳои дигар низ метавонанд кӯмак расонанд, аз қабили: синамаконии тифл, пешгирии зуком  тавассути ваксина, муҳофизат намудани кӯдак аз таъсири дуди тамоку ва дигар моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ва риояи гигиена.

Иммунизатсия бар зидди бемориҳое, ки бо сирояти Streptococcus pneumoniae ба вуҷуд меоянд, дар се марҳила (се воя), аз синни 6 ҳафтагӣ сар карда оғоз меёбад, баъдан вояи дуюм ва сеюм бо фосилаи 4-8 ҳафта гузаронида мешавад. Дар баъзе кишварҳо, реваксинатсия дар соли дуюми ҳаёт гузаронида мешавад.