Бист савол
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи хуш!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакони кунҷкоб ин бозии тахминиро дӯст медоранд, аммо эҳтиёткорона рафтор намоед, зеро имкони пурсидани танҳо 20 савол вуҷуд дорад!
Бозӣ аз он оғоз мешавад, ки касе аввал дар бораи ягон ашё ё ҷой фикр карда ишора мекунад. Вай ба бозингарони дигар мегӯяд: "Ман дар бораи чизе / дар бораи ҷойе/ фикр кардам, ки _______." Масалан, агар бозингар дар бораи "шим" фикр мекард, ӯ мегӯяд: "Ман дар бораи чизе фикр кардам, ки онро пӯшидан мумкин аст".
Сипас ҳар як бозингар дар навбати худ савол дода, кӯшиш мекунад муайян кунад, ки бозигари аввал чиро дар назар дорад. Ба саволҳо танҳо бо ҳа ё не ҷавоб додан мумкин аст, бинобар ин бозингарон бояд дар мавриди савол додан бодиққат фикр кунанд.
Якҷоя, ҳамаи бозингарон метавонанд на бештар аз 20 савол диҳанд. Мақсади бозӣ ин аст, ки пеш аз тамом шудани 20 савол калимаи пинҳоншуда ёфта шавад!
Касе, ки калимаи тахминшударо дуруст меёбад, калимаи ояндаро ӯ тахмин мекунад. Агар саволҳои бозингарон тамом шаванд, шахсе, ки ашёро тахмин карда буд, ҷавоб медиҳад ва метавонад ӯ ашёи ояндаро низ худаш тахмин намояд!
Маслиҳат: Барои бозӣ як мавзӯъ, аз ҷумла кишварҳо ё варзиш интихоб намоед!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ барои такмили зеҳн мувофиқ буда онро дар ҳама ҷо иҷро кардан мумкин аст.