Биё ба сайру гашт меравем

Маводҳои лозима: Ду кӯрпачаи мулоим

Шумо чӣ корро якҷоя ба анҷом расонда метавонед: Ду болопӯшро болои ҳамдигар гузоред, то ин ки кӯдакро хубтар дастгирӣ намояд ва барои тахтапушташ қулай ва мулоим бошад. Кӯдакро ба тахтапушт ба кӯрпача гузоред. Пеш аз оне, ки машғулиятро оғоз менамоед, боваӣ ҳосил намоед, ки ягон чиз ба Шумо халал намерасонад.

Кӯрпаро аз охираш гиред ва кӯдакро дар хона бо он кашола карда гардед. Ҳангоми машғулиятҳо тавсия дода мешавад, ки бо кӯдак гап занед ва аз ӯ пурсон шавед: Ту дар хона чиро мебинӣ? Ба боло нигар. Ту чӣ хел? Ту ин бозичаҳоро мебинӣ, онҳо аз кӣ ҳастанд? Дар бораи дигар саволҳо ва изҳорҳо, ки нутқ ва ҳаракати кӯдакро тақвият мебахшад, фикр намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият барои инкишофи нутқи фарзанди Шумо кӯмак менамояд, вақте, ки ӯ ба гап задан оғоз менамояд. Кӯшиш намоед, ки мувозинатро дар болопӯш нигоҳ доред, то ин ки қувва ва мувозинати кӯдакро инкишоф диҳед ва ӯро барои бештар ҳаракат намудан водор намоед.