Биё бо кубик бозӣ мекунем

Маводҳои зарурӣ: Кубикҳои чӯбӣ ё пластикӣ ё бозичаҳои хурд ва контейнери калон.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Барои биҷро намудани ин супориш, шумо бояд фарзанди худро ба қолин ё фарш гузоред ва се кубик ва контейнерро дар назди ӯ гузоред.

Шумо бояд эҳтиёткор бошед, зеро фарзанди шумо корҳои шуморо дида истодааст. Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ гуна кубикро гирифта ба зарф  андохтан лозим аст, нишон диҳед инро бояд чӣ гуна ба анҷом расонд ва инчунин ба  ӯ фаҳмонед.

Билохира, кубикҳоро дур кунед ва аз фарзандатон хоҳиш намоед, ки ин корро такрор намояд ва  ба воситаи ангушти ишоратии худ ба дохили зарф нишон диҳед. Намоишро то он даме, ки фарзандатон фаҳмад, ки чӣ гуна онро иҷро кардан лозим аст, чанд маротиба такрор кардан мумкин аст.  Вайро барои ҳар кӯшишаш табрик намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Танҳо бо истифода аз кубикҳо мушакҳои дастҳо ба фаъол шудан шурӯъ мекунанд ва ҳамзамон дақиқӣ ва ҳамоҳангии дастҳо ва ангуштҳо тамрин меёбанд. Ин малакаи зарурӣ, барои гавак кашидан ва ба мавқеи дуруст расидан, ҳангоми навиштан дар вақти зарурӣ мебошад.