Биё ҳама чизро ҷамъ кунем!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳар ашёи хурде, ки барои фарзанди Шумо аз фарши хона гирифтан шавқовар аст ва як контейнер ё қуттӣ ба онҷо партофтан мумкин бошад.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Вақте ки фарзандатон калонтар мешавад, ӯ барои истифодаи ҳама чиз як дасти худро бештар аз дасти дигар истифода мебарад. Ҳоҷати ба кӯдак ҷудогона таълим додани истифодаи дасти рост ё дасти чап нест. Ба ҷои ин, имкониятҳои мухталиф фароҳам оред, ки бо дастони худ корҳоеро иҷро кунад. Яке аз чунин бозиҳо, ба фарш пароканда кардани ашёҳои хурди гуногун аст (чизи бехатар) ва сипас онҳоро дар сабад ё қуттии хурд ҷамъ кунед. Наздики фарзандатон бимонед, ва бехатариро риоя кунед (кӯдакон дӯст медоранд, ки ашёи хурдро ба даҳонашон кашанд), ба кӯдакатон кӯмак кунед, ки ашёро дар контейнер ҷамъ оварад ва берун барорад. Шумо инчунин метавонед иштирок кунед, ва бигӯед “Боз як кубик дар сабад. Ва дигар!. Акнун навбати ту!".
Дидани он аҷиб хоҳад буд, ки кӯдак ҳама чизро бо ду даст баробар иҷро мекунад ё эҳтимол дорад, бо дасти рост ё чапаш кор мекунад. Шумо инчунин метавонед ӯро дар кӯча, вақте ки навдаҳо ё баргҳоро мечинад, ё дар хона, вақте ки ӯ коса ё қошуқро истифода мебарад, мушоҳида кунед.
Фарзанди Шумо чӣро меомӯзад: Муносибат бо ашёҳои гуногун – ин ҷузъи ташаккул додани «малакаҳои хуби ҳаракат» аст - малакаҳое, ки баъдтар лозим мешаванд, масалан, ҳангоми доштани қалам барои навиштан. Ҳар рӯз ягон кори навро иҷро кардан шавқовар ва муҳим аст. Агар Шумо талаффузи номи ашёҳоро фаромӯш накунед, ин машғулият инчунин метавонад ба рушди нутқи кӯдак кӯмак расонад.