Биё меҷаҳем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Вақти он омадааст, ки каме паред. Дастони кӯдакро дошта рост дар ҳамворӣ нигоҳ доред (беҳтараш дар матрас ё дигар сатҳи нарм ё дар домани худатон). Ӯро ба тарафи худ тавре гардонед, ки бо ҳам рӯ ба рӯ шавед ва ба ӯ нишон диҳед, ки ин бозӣ ба шумо писанд аст. Аксуамали ӯро назорат кунед. Пойҳои кӯдак дар ин синну сол то ҳол наметавонанд вазни худро бардоранд, аз ин рӯ нагузоред, ки вай пурра ба онҳо такя кунад, ба шумо лозим аст вақте, ки ӯ ҳангоми паридан пойҳояшро хам мекунад, ӯро хуб нигоҳ доред, Ҳангоме ки ӯ табассум мекунад, чиррос мезанад ё шодӣ мекунад, ин "паридан"-ро такрор кунед. Ҳангоми паридан, гап занед, махсус талаффуз кунед (масалан, "ба боло меравем, ба поён меравем". Шумо инчунин метавонед ҳангоми иҷрои ин машғулият таронаю суруд хонед ё қофияи кӯдакиро қироат кунед).
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият барои рушди минбаъдаи нутқ ва забони фарзандатон мусоидат мекунад ва ин шавқовар аст!