Биёед ҷустуҷӯ кунем!
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Қалам, коғаз ва борхалта
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои оғоз кардан, ба кӯдакон қаламу коғаз диҳед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки рӯйхати чизҳоеро, ки онҳо ҷустуҷӯ мекунанд, тартиб диҳанд. Бо онҳо муҳокима кунед, ки ҳозир кадом фасли сол аст, ба куҷо Шумо метавонед якҷоя равед ва чӣ ёфта метавонед. Масалан, дар фасли тобистон гулҳои гуногун, барг, шабпарак, занбӯри асал ва дигар ҳашаротро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст. Дар фасли тирамоҳ, Шумо метавонед чӯбҳо, ҷалғӯзаи дарахти арча ё булут ҷустуҷӯ кунед. Кӯдакон метавонанд расми он чизҳоеро, ки ҳангоми ҷустуҷӯ бояд ёбанд ва қайд кунанд, кашанд. Аз кӯдакон пурсед, ки дар кадом мавзӯъ чизҳоро ҷустуҷӯ кардан мехоҳанд ва ба куҷо рафтан мехоҳанд. Шумо ҳатто метавонед пеш аз ба роҳ баромадан ҳамроҳ харита созед!
Агар Шумо ҳангоми ҷустуҷӯи худ ба ҷамъоварии ашё розӣ бошед, борхалта гиред, масалан, Шумо метавонед навдаҳои афтода, баргҳо, ҷалғӯзаҳоро гиред. Аз маводи ҷамъшуда кӯдакон метавонанд гербарий ё ягон чизҳои дастисоз омода кунанд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Шумо метавонед дар вақти дилхоҳи фасли сол ба ҷустуҷӯ равед ва ин як роҳи олии шинос кардани кӯдакон бо олами табиат мебошад.