Бо лӯхтак бозӣ мекунем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Лӯхтак ё бозичаҳои мулоими пуршуда (метавонад, дар хона сохта шавад); якчанд ашёи дигар, ба монанди пораи хурди матоъ ва қошуқ.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол қобилияти тасаввур кардан ё "эҷод кардан" -и фарзанди Шумо босуръат меафзояд. Бисёр машғулиятҳо метавонанд ба рушди ин навъи тафаккури хаёлӣ мусоидат кунанд. Як идея ин аст, ки вақт ҷудо карда, фарзанди худро ба бозии хаёлӣ бо лӯхтак ё бозичаи пуркардашудаи мулоими ҳайвони диққаташро ҷалб кунед. Фарзанди Шумо метавонад онро гирифта, вонамуд намояд, ки лӯхтакро хобонда истодааст. Аммо агар ин тавр накунад, аз гуфтани чизе оғоз кунед: "Оҳ, лӯхтаки ту (ё хирс) хобидан мехоҳад. Биёед ӯро хобонем”. Шумо метавонед оғоз кунед ва ба кӯдак имкон диҳед, ки баробари оғоз шуданаш ташаббусро ба ӯҳда гирад. Як тараф истода бубинед, ки фарзанди шумо бо лӯхтак (бозича) ва баъзе мавод чӣ кор мекунад. Шумо метавонед кори ӯро шарҳ диҳед, аммо Шумо инчунин метавонед аз тасаввуроти фарзандатон лаззат баред!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Қобилияти тасаввур кардан ва иштирок дар бозии хаёлӣ рушди малакаҳои тафаккурии фарзанди шуморо нигоҳ медорад ва қаноатмандии зиёд меоварад. Бозӣ роҳи муҳимтарини омӯзиши ҷаҳон аз тарафи кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Ҳар рӯз Шумо метавонед фарзанди худро бо маводҳои оддӣ ва якчанд идеяҳо барои бозии хаёлотӣ ташвиқ кунед.