Бо модару падар гап мезанем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин машғулият барои инкишофи нутқи фарзанди Шумо мусоидат мекунад.
Ба ҳар як садо ё "ишора"-и кӯдаки худ бо табассум, имову ишораҳои тасдиқ, ангунги кӯдакона, садо ё калимаҳо ҷавоб диҳед. Бо истифода аз ифодаи чеҳра, имову ишора ва тағир додани оҳанги овоз ҳангоми "сӯҳбат" "гуфтугӯ"-ро идома диҳед.
Шумо метавонед ин машғулиятро ҳангоми иваз кардани уребча, оббозӣ ва умуман дар вақти дилхоҳ анҷом додан мумкин аст – ин барои барқарор кардани робитаи муоширатӣ дар байни шумо кӯмак мекунад. Агар кӯдак дар ягон лаҳза "гуфтугӯ" кардан нахоҳад, маҷбур накунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба кӯдак кӯмак мекунад, ки принсипҳо ва ритми нутқро дарк кунад ва инчунин барои фаҳмидани он ки ҷаҳон чӣ гуна кор мекунад, замина мегузорад. Такрор ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки калимаҳоро дар хотир нигоҳ доранд ва омӯхтани алоқаманди байни калимаҳо ба онҳо кӯмак мекунад, ки тасвири ҷаҳонро бунёд кунанд. Илова ба ҳавасмандгардонии рушди нутқ, сӯҳбатҳои доимӣ бо кӯдаки худ барои барқарор кардани дилбастагӣ байни шумо хубанд.